ИҒВОГАРИҲОИ НАВБАТИИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Душманони миллати тоҷик, ба мисоли роҳбари ТТЭ ҲНИ Мухиддин Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам ҷилвасозӣ намуда, ба суханпардозиву дурӯғпаҳнкунӣ машғул асту, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезад. Бояд қайд кард, ки иғвои навбатиаш санаи 1 майи соли равон тариқи шабакаи иҷтимоӣ дар барномаи ифротии Паймони миллӣ.. худро ҳамчун чун раиси Шурои кишвар ҳисобида баромад намуд. Бо ин роҳ нисбати фаъолияти роҳбарияти олии мамлакат ѓайбату тўҳмат намуд. Дар ҷараёни баромадаш Кабирӣ худро ҷабрдидаи сиёсӣ ва намояндагони қувваҳои демократӣ муаррифӣ намуда, бо фиребу найранги навбатиаш бо мисоли бемантиқу беасосаш доир ба қазияи Афғонистон ва Росияву Украина, баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон бо шарҳу эзоҳи носолим ба таври худ маънидод намуд. Аз баромади бемантиқи Кабирӣ ҳар як фарди соҳибақл, бе ягон душворӣ пай мебарад, ки ин навбат низ бо найрангу фиреби навбатиашон кўшиш дорад, ки чун солҳои 90-уми асри гузашта бо дастгирии молиявии доираҳои манфиатдори ҳориҷӣ муҳоҷирони тоҷикистонӣ, хусусан, намояндагони табақаи зиёиро ҷалб созанд. Торҳои ин ташкилот дар минтақаҳои Аврупо паҳну парешонанд.Иғвогарии Кабирӣ дар саҳнаи сиёсӣ, ба ҳар як фарди Тоҷикистони аён аст, то ки ин нақшаи шикастхурдаи худро бори дигар ба сомон расонад. Ба ин нешзаниҳои душманони миллати тоҷик хадамотҳои махсус ва хоҷагони хориҷӣ ёрии беминнати худро расонида, кушиш бар онанд, Кабириро тариқи созмонҳои хориҷӣ «мусичаи бегуноҳ” нишон диҳанд. Имруз Кабирӣ фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош дорад ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардааст. Бояд ёдовар шуд, ки бо чунин гуфтору рафтор ду даҳсола пеш боиси шуруъи ҷанги шаҳрвандӣ гардида, Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ шуданд. Воқеан имрўз низ рохбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва думраваш омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Онҳоро ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти бисёр ҳаммаслаконаш ҳеҷ дарси ибрат намешавад, гӯё чашми бино, гӯши шунаво надоранд, сахт мутаассибу бехираданд.Донистан намехоҳанд, ки бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад. Зеро мақсади ТТЭ ҲНИ хиёнат ба миллату давлат аст!
Дар интиҳои андешаи хеш аз ҳар фарди боороу номуси кишвар даъват ба амал меорем, ҳама якҷоя нагузорем, ки минбаъд Кабирӣ ва пайравонашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дасисаву найранги навбатиаш нисбати кишвари соҳибистиқлоламон садо баланд намояд.

А. ВАЛИЕВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *