ИЗҲОРОТИ омӯзгорони кафедраи ҷомеашиноси ДИС ДДТТ доир ба филми ҳуҷҷатии «Шикасти фитна»

Мо омӯзгорони кафедра дар давоми охири ҳафтаи моҳи майи соли равон тавассути барномаҳои телевизон ва радиои вилояти Суғд ва маҳаллӣ, аз қабили «Танин», “7 ситора”, “Диёр “ филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Шикасти фитна»-ро тамошо намудем. Вобаста ба филми мазкур андешаҳои хешро иброз менамоем. Бояд қайд кард, ки дар филми мустанади “Шикасти фитна” ҳодисаҳои соли охир дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рушони ВМКБ бо далелҳои амиқ оид ба даст доштани ташкилотти ғайриҳукумати байналмилалӣ ва ташкилоти террористӣ, ки дар саргаҳи он Алим Шерзамонов – муовини роҳбари “Паймони миллӣ”(ПМ), ҳамагон ин созмонро бо номи ТТЭ ҲНИ мешиносанд ва инчунин Улфатхоним Мамадшоев ва Холбаш Холбашев вобаста ба тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик содиршуда буданд, бо далелҳои амиқ намоиш дода шуд. Аз ҷониби роҳбари ташкилоти ғайриҳукуматии “Номус ва инсоф” У.Мамадшоев ва Х.Холбашев, ки қаблан дар сохтори низоми фаъолият дошт вобаста ба амалхои содирнамудашон шарҳу эзоҳ дода, мушахассан баён намуда, бо гунохои худ иқрор шудаанд. Воқеан бе назардошти ин далелҳо ҳам, рӯз аз рӯз ҷеҳраи манфури саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва роҳбари он Мамадбокир Мамадбоқиров аён шуда, ақидаҳои ғаразонаю тундравонаи онҳо ошкору тасдиқи худро ёфтааст. Бори дигар ба пайравони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва муовини ТТЭ ҲНИ – ПМ Шерзамонов А. таъкидан ёдовар менамоем, ки инсон бояд дар ҳаёт роҳи некро интихоб кунад, чунки роҳи рост инсонро ба роҳи нек ҳидоят мекунад: росткорӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, инсонпарварӣ, меҳру муҳаббат, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҷодкорӣ ва сулҳу салоҳро талкин мекунад. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин ӯҳдадориҳо ва масъулияти бузург дорад. Аммо пайравони гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша ва роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ПМ то ҳол бо ҷаҳлу ҳирси худ қурбонии бозии навбатии сиёсию манфиатҳои хоҷагони хориҷӣ шудаанд. Ҷои таассуф аст, ки ному симои ин гуна афрод ҳамчун хиёнаткори халқу ватан ва бегонагон дар таърихи миллати мо сабт хоҳад шуд. Воқеан филми ҳуҷҷатӣ “Шикасти фитна” комилан натиҷаи таҳлилу баррасии хубу огоҳонаи вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯзу фардо маҳсуб меёбад.
Хулоса, ҳадафи асосии мо он аст, ки пас тамошои филми “Шикасти фитна”, бахусус ҷавонон хулосаи зарурӣ бароварда, аз суботи давлат ва муносибати давлатӣ огоҳии том дошта, роҷеъ ба ҳар гуна гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маълумот дошта бошанд.
Имрӯз ҷавонони даврони соҳибистиқлол бояд зиракию ҳушёриро аз даст надода, дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ мондан, тақозои замон аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *