Донишҷӯён дар мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд

Санаи 24 майи соли 2022 бо мақсади тарғибу ташвиқи футбол, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни ҷавонон, гузоштани заминаи мусоид барои рушди футболи касбӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷўёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ бозиии ниҳоӣ байни дастаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва тими Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар Хуҷанд дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳр сурат гирифт. Донишҷӯёни Донишкада: Абдулазизов Акмал, Абдулоев Шаҳзод, Азимов Далер, Бобохонов Баҳриддин, Боқиев Парвиз, Каримов Далер, Мазбутов Баҳодур, Маннонов Азиз, Очилов Абдурасул, Раҳматов Шероз, Солиев Парвиз, Шарипов Азамат, Шарипов Маҳмадсаид, Юсупов Сӯҳроб дар мусобиқа фаъолона иштирок намуда соҳиби ҷойи дуюм гардиданд.

Дар охир аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба дастаи футболбозони ДИС ДДТТ диплом ва ба беҳтарин бозингарон ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

IMG_0250
IMG_0196
IMG_0221
IMG_0236
IMG_0237
IMG_0266
IMG_0253
IMG_0252
IMG_0262
IMG_0202
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *