ИЗҲОРОТИ омӯзгорони кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба баромади моҷароҷӯёнаи паймони худсохтаи наҳзатиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ (аз 25.10.2023сол)

Мо – омӯзгорони кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд зимни изҳороти хеш оид ба баромадҳои моҷароҷўёнаи ҳаммаслакони худсохти наҳзатӣ – “Паймони миллӣ” ибрози андеша менамоем. Бояд қайд кард, ки имрузҳо роҳбарияту ҳамммаслакони “Паймони миллӣ” дар кишварҳои Аврупо бо пуштибонии хоҷагони хориҷӣ фаъолияти муғризонаашонро ба роҳ монда тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои ифротӣ менамоянд. Чунончи яке аз узви худсохти наҳзатиҳо Мухаммадиқболи Садриддин мебошад, ки ҳафтае ду маротиба дар сомонаи “Ислоҳ.нет”, бештар дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” баромад намуда, дастовардҳои беназири кишварамонро нодида мегирад ва беасос нисбат ба фаъолияти роҳбарияти олии кишвар тӯҳмату ғайбат менамояд. Муҳаммадиқболи Садриддин, ки санаи 25 октябри соли равон тариқи сомонаи ифторӣ “Ислоҳ. нет” асосан оид ба масоили даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баромади моҷароҷӯёна намуда, боз андешаи носолимашро пеша намуд. Дар рафти баромадаш бо суханрониҳои подарҳаво таъкид менамояд, гуё, ки яккаписарро ба хизмати ҳарбӣ даъват мекарда бошанд! Ин асосе надорад. Хотиррасон менамоем, ки тибқи Боби 5, моддаи 30-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” шаҳрвандоне, ки дар оила писар (писархонд)-и ягона мебошанд, аз хизматӣ ҳарбӣ озод карда шудаанд.
Хулоса, М.Садриддин боз чун солҳои қаблӣ алайҳи Ватан ва миллати худ ғайбату иғвогарӣ мекунад, дар назди миллату давлат ҳатман ҷавоб хоҳад дод!
Дар фарҷоми изҳороти хеш мо баромади навбатии моҷароҷӯёнаи М.Садридин ва умуман раҳбарияту пайравони паймони худсохти наҳзатиро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва онро маҳкум намуда, набояд гузорем, ки касе дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозӣ нисбати кишвари азизамон сухан гӯяд!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *