БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН – ВОСИТАИ МУАССИРИ ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ОНҲО БА СОЗМОНҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

            Ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини ин сарзамин буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти мардуми кишвар таъмин гаштааст.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём мавриди бедор намудани ҳисси ватандорию ватандӯстии ҷавонони кишвар хеле бомаврид қайд намуданд: “Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд”.
Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоваранд, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошанд. Тамоми давлатҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо намуда, онро решакан намоянд. Ин ҷараёни хатарзо метавонад ба несту нобуд кардани халқият, миллатҳо ва давлатҳо оварда расонад. Аз таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад.
Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз азал миллати соҳибсавод, соҳибдавлат, соҳибтамаддун ва соҳибмарзу соҳибватан буд. Миллати сарбаланди тоҷик дар ҷодаи ватандорӣ бо ватандӯстию хештаншиносӣ фарҳанги хоса ва эътирофшудаи худро дорад. Ватандорию ватансозӣ, ватандӯстию ба қадри соҳибватанӣ расидан фазилати нек ва фарҳанги ибратомӯзи халқи қадимаи тоҷик ба шумор меравад. Дар радифи сифатҳои олии ахлоқии шахсият тарбияи ватандӯстӣ, меҳру муҳаббати хоса доштан нисбат ба зодгоҳи худ, дӯст доштани муқаддасоти миллии халқи худ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои суннатӣ, эҳтироми ному пайкори фарзонафарзандони сарзамини аҷдодӣ, ки барои эҳё ва пойдории Ватан қаҳрамонии бемислу монанд нишон додаанд, дар мадди аввал қарор дорад.
Дар “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” омадааст: “Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва аз ҳама муҳимтарини тарбия мебошад, ки он дар мафҳумҳои диёр, макон, кишвар, сарзамин, Ватан низ ифода меёбад. Ҳамаи унсурҳои дигари тарбия ба ҳамин унсури тарбия иртибот доранд ва садоқатмандии шаҳрвандро ба ватани хеш дар назар доранд”.
Фарзанди тоҷикро аз хурдсолӣ дар рӯҳияи ватанпарварӣ ва муҳофизати Ватан тарбия менамоянд. Агар ба таърихи ибратбахши халқи қадимаи тоҷик назар афканем, он саропо таълим, тарбия ва фарҳанги пурғановат аст. Ниёгонамон ҳангоми тарбияи фарзандон ба хулқу атвор, дӯст доштани Ватану миллат, эҳтироми забону арзишҳои миллӣ эътибори махсус медоданд. Чи хеле ки академик Лутфуллоев М. қайд менамояд, “дар бобати муносибат ба замин, ватану ватандорӣ, мустақиливу пойдории оила, ба қадри инсон расидан, фарҳангу маданият, сулҳу оштӣ, касбу ҳунар, афрӯхтани тухми дониш халқи мо мисл надорад”.
Дар фарҳанги қадимаи халқи тоҷик ба тарбияи муҳаббат нисбати Ватан таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шудааст. Ин эҳсос сараввал дар оила, баъдан дар ҷомеа ташаккул меёбад. Таассуроти аз табиати ватан дар синни кӯдакӣ гирифта, бозиҳо, муошират бо забони модарӣ, сурудҳои халқӣ, мусиқӣ, ҳикмати халқӣ, осори ҳунармандони мардумӣ, ривоятҳо дар бораи қаҳрамонии таърихи халқи тоҷик дар мубориза бо душманон – ҳамаи ин воситаҳое мебошанд, ки инсонро ба зодгоҳи худ, ки онро Ватан меноманд, пайванд менамоянд. Ҳанӯз педагоги машҳур Сухомлинский В.А. қайд карда буд, ки “Эътиқоди ватандӯстӣ, шӯру изтиробҳои ватандӯстии дили ҷавон – ин аст ҳадафи олии тарбия”.
Насли имрӯзи тоҷик ифтихор аз он мекунад, ки Ватани азизаш фарзонафарзандони худ, мисли Шерак, Спитамен, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва дигаронро дар оғӯши гармаш ба камол расонидааст. Онҳо ин Ватани азизро ба воситаи қаҳрамонии ҷавонмардонаю нангпарварона ба оламиён муаррифӣ карда, бо далерию мардонагии худ марзу буми онро аз ҳуҷуми аҷнабиён дифоъ намуда, барои имрӯзиён боқӣ гузоштаанд. Боиси ифтихор ва шараф аст, ки номи нек, қаҳрамонӣ, ватандӯстӣ, башардӯстии онҳо дар тарбияи ҷавонон, дар шароити имрӯзаи кишвари мо мавқеи ниҳоят калон мебозанд. Академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби хеш “Тоҷикон”навиштааст: “Спитаман ба коре муваффақ шуд, ки касе аз уҳдаи он баромада натавониста буд: ӯ дар муҳориба як қисми қӯшуни мақдуниро маҳв намуд” . Садриддин Айнӣ дар очерки таърихии худ “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” овардааст, ки дар миёнбанди Темурмалик халтачае ёфтанд, ки дар он як каф хок ва як порча коғазе, ки чунин навиштаҷот дошт, пайдо намуданд:

Атри кафан зи хоки ватан кардам орзу,
Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок.

          Мафҳуми ватанпарастӣ, ҳисси муҳаббат ба Ватан, садоқат ва омодагӣ барои хидмат ба Ватан, аз ҳар гуна таҷовузҳои беруна муҳофизат кардани онро ифода мекард. Педагоги шинохта К.Д.Ушинский чунин навишта буд, ки “муҳаббат ба Ватан хислати хоси одамонест, ки Ватанро натанҳо хангоми таҳдид кардан, балки бо хизмати софдилона дар ҳаёти осоишта дӯст медоранд”.
Асоси маданияту анъанаҳои халқи тоҷикро арзишҳое ташкил медиҳанд, ки ҳамчун воситаи ҳифз, такомул ва тақвияти маънавият баромад менамоянд. Тавассути онҳо аз насли калонсол ба насли ҷавон меъёрҳои рафтори инсон, нерӯи зеҳнӣ ва эҷодӣ, талаботҳо нисбати шахсият интиқол меёбанд. Дар таҷрибаи тарбиявии насли калонсол анъанае вобаста ба эҳтироми ниёгон ва иззату арҷгузорӣ ба қавму авлоди худ бо донистани таърихи ниёгон, решаҳои авлодии худ, инчунин ривоятҳо ва анъанаҳои марбут ба аъмоли неки гузаштагони худ мушоҳида мешавад. Муҳаббат ба ниёгони худ барои шинохтани ҷаҳон, такомули шахсӣ, саҳми муайян доштан дар баланд бардоштани мақоми авлод тавассути тарбияи маънавӣ, таҳсил, такмили шахсият кӯмак мерасонад. Чунин дилбастагӣ ба ниёгон, ба хонаи падар, ба оила дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром нисбати авлод, сокинони ҷомеа ва дигар миллатҳо мусоидат мекунад.
Агар рӯ ба адабиёти классикиамон оварем, шоире нест, ки васфи меҳру муҳаббати Ватан накарда бошад, ҳарчанд мувофиқи шарҳи ҳоли аксарияти шоирон онҳо дур аз Ватану ёру диёр умр ба сар бурдаанд ва ҳатто дар фироқи Ватан ҷон додаанд. Шоири ширинкаломи форсу тоҷик Саъдии Шерозӣ мегӯяд:

Саъдиё, ҳубби Ватан гарчӣ ҳадисест шариф,
Натавон мурд ба хорӣ, ки ман ин ҷо зодам.

             Ибораи “ҳубби ватан” маънои муҳаббати Ватан, меҳри Ватанро дорад ва он ки ба Ватан меҳру муҳаббат дорад, ӯро ҳуббулватан мегӯянд”.
Гузаштагонамон хоки Ватанро ба ҷое мерафтанд, як мушт ҳамроҳ мебурданд, онро эҳтиёт мекарданд, ба боигариҳо, яъне зару зевар иваз намекарданд. Зарбулмасалҳои “Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар”, “Қурбони Ватан бош, ки қурбонат шаванд”, “Шахси бе Ватан – булбули бе чаман”, “Аз ҷон маҳрум шудан, беҳ аз Ватан маҳрум шудан аст”, “Касе, ки дар Ватан зиндагӣ намекунад, ӯ лаззати зиндагиро намедонад”, “Дӯстдорони Ватан, дӯстдорони халқанд” ифодагари меҳру муҳаббати беандоза ба Ватан, диёр ва хонадону оила мебошанд.
Ин аст, ки дар анъанаҳо ва эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик васфи Ватан ҷойи муҳимро ишғол мекунад. Тарбияи шахси ватандӯсту меҳанпараст дар эҷодиёти даҳонакии халқ баръало намудор мегардад. Шахс дар ғарибию дурӣ аз Ватан лаззату ширинии Ватанро зиёдтар эҳсос мекунад. Масалан, дар рубоии зерин бо истифода аз санъати талмеҳ Ватан чунин васф шудааст:

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.
Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,
Эй кош, гадо будӣ, ба Канъон хуштар.

Ё ин ки:

Бечора касе, ки аз ватан канда шавад,
Афтад ба ғарибию ба кас банда шавад.
Чархи фалако гардаду ояд ба ватан,
Гар мурдаи садсола бувад, зинда шавад.

          Ин рубоиҳо ҳазорон ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, онҳоро дар мубориза бар зидди истилогарон рӯҳбаланд кардаанд. Дар педагогикаи этникии халқи тоҷик вобаста ба бедор намудани ҳиссиёти меҳанпарастиву ҳифз кардани марзу бум ба паҳлавонони ҷасуру шуҷоъ аз достонҳои асотирӣ, ба монанди Рустам, Сиёвуш, Спитаман, Ғурак, Сумбоди Муғ, Дивоштак, Темурмалик ва дигарон такя мекарданд. Рустам аз ҳамин гуна паҳлавонони ҷасур, далер ва нотарс буд, ки барои ҳимояи ватани азизу халқи заҳматкаш ҷонашро дареғ намедошт. Рустам ҳамчун паҳлавон ва ҳомии халқу ватан табиист, ки аввал байни мардум аз даҳон ба даҳон машҳур мешавад ва баъд ба ҳайси қаҳрамони марказӣ дар адабиёти классикии форсу тоҷик, аз ҷумла дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ такомул ёфтааст. “…дар ёду хаёли Рустам танҳо ватан асту халқи азизаш. Барои ҳимояи Ватан аз баҳри ҳама чиз мегузарад”.
Зебоипарастӣ ва дӯст доштани Ватан дар эҷодиёти Фирдавсӣ мавқеи муҳим дорад. Мафҳуми “Ватан” дар ашъораш бо номҳои “кишвар”, “марз”, “бум”, “хок”, “замин” омадааст. Барои Фирдавсӣ зебоии Ватан зебоии табиат, анъанаҳои таърихӣ, корнамоиҳои қаҳрамонон баҳри озодии меҳан мебошад.

Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор.Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

         Маълум аст, ки мафҳуми “Ватан” дар худ арзишҳои тарбиявӣ, ахлоқӣ ва эстетикиро таҷассум менамояд ва мафҳуми “озодӣ” бошад, дар “Шоҳнома” ҳамчун зебоипарастӣ, одоби ҳамида низ истифода бурда шудааст. Чи хеле ки Сухомлинский В.А. қайд карда буд “тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ шурӯъ аз он мешавад, ки инсон шодии зиндагиро дар хидмат ба мардум бубинад. Маҳз дар бачагӣ, вақте ки инсон ҳаёти атрофро кунҷковонаю ҳарисона дарк мекунад, аввалин бор аз зебоии чизе мутаассир мешавад, ки худ барои одамон, сараввал барои наздикону хешонаш офаридааст”.
Дар урфият мегӯянд, ки меҳри Ватан аз аллаи модар сар мешавад. Аз ҳамин ҷост, ки ибораи “Ватан-модар” маъмул гаштааст. Ҳисси ватандӯстӣ дар хурдӣ пайдо шуда, то охири умри инсон боқӣ мемонад. Ватандӯстӣ ё меҳанпарастӣ – ин дар назди Ватан ва миллат масъулият доштан, ба манфиати Ватан зистану меҳнат карда, ба тараққиёти он ва баланд шудани эътибори миллат ҳисса гузоштан аст.
Ҳамин тавр, панду андарзҳо, ки баёнгари содиқ будан ба Ватан мебошанд, дар таърих ва адабиёти мо зиёданд ва онҳо метавонанд манбаи тарбияи ватандӯстӣ, далерию қаҳрамонии намояндагони халқамон гарданд. Насли имрӯза бояд бифаҳмад, ки миллати тоҷик барои ишғоли кишварҳои дигар ҳеҷ гоҳ лашкар накашидааст. Он амалҳое, ки бегонагону аҷнабиён ба зӯри қувваю шамшеру туфанг мекарданд, бо фитрату бо ақли мунаввар тавассути сулҳу гуфтугӯ анҷом медод. Набояд фаромӯш кард, ки ғояҳои баланди маънавию ахлоқӣ, таълимию тарбиявӣ, хештаншиносию ватандорӣ, инсондӯстию таҳаммулпазирӣ ба мо аз ниёгони шарафмандамон мерос мондааст. Вазифаи виҷдонӣ ва имонии ҳар як бошандаи кишвар дар шароити имрӯза азиз нигоҳ доштани ин ҳадяи ниёгон ва боз ҳам нерӯмандтар ва дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибмақому соҳибобрӯй гардонидани он бояд бошад. Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон барад. Зеро танҳо дар ҳамоҳангӣ метавон бар зиддӣ ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон бурд. Аҳли ҷомеаи тамаддунофари мо, ки ҳисси баланди ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, оромиву сулҳу суботи кишвар халалдор гардад.

Аҳророва Гулчеҳра Усмоновна
н.и.ф., дотсенти Донишкадаи иқтисод
ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *