АФКОРИ ҶОМЕАРО АЗ ҲАР ГУНА ИТТИЛОИ НОСОЛИМ ЭМИН ДОРЕМ!

Дар ҷомеаи ҷаҳони имрӯза таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз проблемаи муҳиме гаштааст. Таъмини амнияти иттилоотӣ дар радифи чунин навъҳои амният, аз қабили амнияти геополитикӣ, амнияти сиёсӣ, амнияти харбӣ, амнияти иқтисодӣ, амнияти демографӣ, амнияти экологӣ, амнияти маънавӣ-ахлоқӣ, амнияти иҷтимоӣ ва амсоли онҳоро дарбар мегирад. Умуман, иттилоот ва амнияти иттилоотӣ тавзеҳоти зиёд доранд, агар аз рӯи раванди рушди интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ назар афканем, дар замони ҷорӣ метавон иттилоотро бо амният тавъам гуфт. Зеро, ин ду мафҳум дар ҳамбастагӣ ба амнияти комили миллӣ рабт доранд. Муҳимтарин омили таъмини амнияти иттилоотӣ  он аст, ки бояд воситаҳои ахбори омма моҳияти рӯйдодҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дар  сатҳи баланди касбият, ба таври мӯъҷаз ва саривақтию фаҳмо ба ҷомеа расонанд ва дар ташаккули афкори мусбӣ ва дуруст дар ҷомеа саҳми муносиб гузоранд ва гузошта истодаанд. Бояд қайд кард, ки дар баробари талқини сулҳу субот ва неъмати оромӣ ҳамзамон дар фазои  иттилоот тарғибу ташвиқи гурӯҳу созмонҳои террористӣ бошандагони сайёраро ба ҷунбиш оварда, имрӯз нақши гӯшношунидро касб кардааст.Дар робита ба ин, бояд қайд кард, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ, барои амалӣ намудани аҳдофи худ дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube ва амсоли инҳо, фаъолияташонро ба роҳ мондаанд. Бо назардошти гуфтаҳои коршиносону таҳқиқгарон терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ, бахусус тероризми диние, ки ба дасти абарқудратон созмон ёфтааст, бо мақсади пиёдасозии манфиат ва сиёсати онҳо роҳандозӣ гардидааст. Яке аз василаву роҳҳои аслии то ин ҳад қувваву қудрати бузургро ба даст овардани ин вабои аср, тариқи иттилоот, яъне тавассути шабакаҳо иҷтимоӣ муаррифӣ шудани тахаюли бофтаву осмонии онҳо мебошад, ки гӯё хидмат ба дин менамоянду, вале дар асл ҷуз қатлу куштори ваҳшиёнаи сокинони осоишта ва амалисозии барномаҳои хоҷагони пасипардагии онҳо дигар чизе нест. Мисоли равшан фаъолияти ДИИШ, ё “Давлати исломӣ”, ТТЭ ҲНИ ва даҳҳо ташкилоти террористию экстремистии дигар дар  ҷаҳон мебошад. Имрӯзҳо мақомоти амниятии кишварҳои сайёра аз паи маҳву нобудсозии роҳҳои вусъатёбиву инкишофи гурӯҳҳои террористӣ бо мақсади билохира аз байн бурдани ин мушкилоти глобалӣ талош меварзанд. Яке аз василаи аслии ба шикаст рӯ ба рӯ намудани созмонҳои террористӣ, ин аз байн бурдани роҳҳову усулҳои  таблиғотии он буда, дар ин самт садҳо ва бештар аз он сомонаҳои интернетии таблиғотии гурӯҳҳои террористӣ ошкор ва қисме аз онҳо бекор карда шудааст. Масалан соли 2022 дар кишварамон  1200 ҷинояти вобаста ба терроризму ифротгароӣ ба қайд гирифта шудааст. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар бештари ҳолат ҷавон худноогоҳ асосан тавассути шабакаҳои дар болозикршуда ба доми фиреби мубаллиғону эмиссарони интернетии ҳизбу ҳаракатҳои экстримистиву террористӣ афтодаанд  Воқеан, ҷозиба ва сеҳри иттилоот он қадар бузург аст, ки баробари пахш метавонад иттиҳодро барпо созад ё онро пароканда кунад. Яъне ҳам созанда ва ҳам сӯзанда бошад. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки афкори ҷомеаро аз ҳар гуна иттилои носолим  эмин доранд ва аҳли ҷомеаро низ мебояд, ки аз равандҳои имрӯзаи ҷаҳони муосир сабақ биомӯзад.

                                                                

       Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, аз суханҳои Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иқтибос меорем,ки оид ба масоили зикршуда бамаврид аст: “Ҳар як намояндаи воситаҳои ахбори омма ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки минбари суханро бояд барои ҳифзи амнияти давлат, таҳкими пойдории ҷомеа, тарғиби худогоҳиву худшиносии миллӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳои фарҳангӣ, рушду густариши забони давлатӣ истифода намояд ва ба халқу миллати худ содиқонаву беғараз хизмат карда, дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мардуми шарифи кишвар ҳаргиз бетараф набошад”. Бинобар ин, ҳар кадоми моро зарур аст, ки фаъолияти ҳаррӯзаи худро ба хотири амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаамон равона намуда, ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти Ватани азизамонро тарғиб созем ва ба Тоҷикистони маҳбубамон ва мардуми шарифи он содиқона хизмат кунем.

К. КАЛОНОВ, устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *