ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТ ВА СОҲИБКОРӢ ДИС ДДТТ ДОИР БА НАМОИШИ ФИЛМИ МУСТАНАД БО НОМИ “ХИЁНАТ”

 

Мо омӯзгорони кафедра доир ба филми мустанади «Хиёнат», ки тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ пахш гардидро, тамошо намуда, чанд андешаи хешро доир ба он иброз медорем.

Дар филми мазкур собиқ аъзои ҳизби назҳати ислом(ҲНИ) бо номи Сатторов Аёмиддин, Раҳматуллоев Муҳаммадалӣ додарарӯси М.Кабирӣ, ронадааш Сайфов Ҳикматулло ва ҳамчунин як қатор ҳамдиёронаш бо мисолҳои амиқ ба содиршавии ҷиноятҳо М.Кабириро  гунаҳкори асосӣ ҳисобиданд. Зимни суханрониашон қайд карданд, ки фирефтаи дуррӯғпардозиҳо, ваъдаҳои хушку холӣ ва найрангҳои аҳримании роҳбарияти собиқ ҲНИ нагарданд. Воқеан аз намоиши филми мазкур амалҳои терррористиву ифротгароии  М.Кабирӣ боз аёнтар шуд. Беҳуда бузургон нагуфтаанд: “Вақт довар аст”. Бо гузашти замон ҷиноятҳои содирнамудаи назҳатиён амиқан тасдиқ шуда, нафрати мардум нисбати онҳо дучанд афзуд.

Дар филми зикршуда бори дигар фаъолияти ҲНИ-ро бо шарҳу далелҳо чун филми қаблии бо номи “Бозгашт аз ҷаҳанннам” бо назардошти далелҳои тасдиқкунанда дар сатҳи баланди касбӣ таҳия карда манзури тамошобинон намуданд.Бо истифода аз фурсати муносиб ба коргардони филм аҳсан мегӯем. Бештар ҳамин хел филм таҳия гардида, намоиш дода шавад.

Хулоса, мо омӯзгорон аз тамошои филми мустанади “Хиёнат”бори дигар дарк кардем, ки ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Мухиддин Кабирӣ бо дастури хоҷагони хориҷиашон чанд донишмандону сиёсатмадорон кушта шуда, ба кишвари соҳибистиқлоламон санги маломат мезанд. Ин аъмоли касифонаи ТТЭ ҲНИ дар саҳифаҳои таърихи миллат чун фоҷеатарин рӯзгор қавми тоҷик сабт шудааст. Ҳеҷ гоҳ миллати тоҷик аъмоли ғайриинсонии назҳатиёнро намебахшад ва фаъолияти ТТЭ ҲНИ- ро шадидан маҳкум менамояд.

Хушбахтона имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо назардошти филмҳои ҳуҷҷатии дар боло зикршуда, гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинати собиқ ҲНИ огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону ватанфурӯш, ба монанди М. Кабирӣ, М. Садриддин, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодааст ва дар оянда низ хоҳад бурд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *