БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МУБОРИЗАИ БЕАМОН БОЯД БУРД.

 Мусаллам аст,ки дар замони муосир ифротгароии сиёсӣ махсусан дар байни ҷавонон яке аз муаммоҳои марказии ҳаёти ҷамъият ва давлати имрӯза аст. Оқибатҳои он ҳамеша вайронкорӣ ва бесуботист. Ифротгарои дар байни ҷавонон на танҳо дар тартиботи ҷамъияти хатар дорад, балки дар падидаи номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад, ки онҳо бетартибиҳои оммавӣ мебошанд. Дар ин муборизаи шадиди идеологӣ нерӯҳои гуногун динро ҳамчун аслиҳаи асосии хеш истифода мебаранд. Дар ин арса ба ҳаёти осудаи Осиёи Марказӣ созмонҳои сиёсии динӣ-радикалӣ таҳдид расонида, ба инкишофи эксремизму терроризм мусоидат мекунанд. Дар Тоҷикистон  солҳои 90-уми асри гузашта дар байни баъзе ҷавонон ба роҳандозӣ намудани исломи сиёсӣ фаъол гардид ва дар натиҷа бо истифодаи дини мубини ислом  экстремизму терроризм авҷ гирифт. Гурӯҳҳои бадхоҳ бо маслиҳати хоҷагони хориҷиашон барои амалӣ сохтани нақшаҳои ғаразнокашон аз дини ислом сӯистифода намуда,  ба ҳадафҳояшон ноил шудан кӯшиш менамуданд. Чунин намунаро мо дар амалҳои ташкилоти террористии ҲНИ  алакай мушоҳида намудем ва хулосаҳои худро дорем.

Дар асл ҳар иғвоангез ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ мехоҳанд дар кишвар нооромӣ ҷорӣ созад, зеро бадхоҳ ва душман сулҳу субот ва оромии ҷомеаро намехоҳад.  Аслан мо наметованонем терроризмро ба ягон дин ё миллат нисбат диҳем, зеро терроризму экстремизм моли ягон дин ва ё миллат нест. Ин ашхосон аз ноогаҳиву гумроҳӣ ва ё аз рӯи ин ё он сабаб ё манфиат ифротгаро мешаванд. Таҳлилҳо собит мекунад,ки асосан ҳадафи амалҳои террористӣ хароб намудани вазъи иҷтимоӣ ва низоми сиёсии давлатӣ мебошад. Ташкилотҳои террористӣ нисбати миллату ватани худ хиёнаткориро пеш мебаранд. Инчунин таҳлили маълумотҳои давравӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар солҳои охир зиёда аз сад мамлакатҳои ҷаҳон дар асоси амалҳои ҷангҷӯёнаи террористон хароб гардидаанд, зери таъсири ҳамлаҳои онҳо садҳо ҳазор нафар аҳолии осоиштан дунё ба ҳалокат расидаанд, миллионҳо нафар одамон макону манзили зисташонро маҷбуран тарк карда сарсону саргардон шудаанд.

Албатта, амали ин гуна афроди хиёнаткору хиёнатпеша дер ё зуд дар назди ҷомеа фош мешавад  ва имрӯзҳо он бори дигар бо далелхои амиқ исбот шуда истодааст.Чунончӣ, мо аз намоиши филми мустанад бо номи “Хиёнат”  боз аёнтар дарк кардем, ки онҳо ба айби худ иқрор шуданд, ба монанди собиқ аъзои ҲНИ Сатторов Аёмиддин ва Раҳматуллоев Муҳаммадалӣ ва додарарӯси М.Кабирӣ, ронадааш Ҳикматулло Сайфов ва дигарон.

Мо бояд дар хотир дошта бошем, ҳоло ҳам дар дохилу хориҷи кишвар бадхоҳоне вуҷуд доранд, ки мехоҳанд ободиву тарақкиёт, ҳаёти осоиштаи мардуми моро ба вартаи ҳалокат афкананд.  Бинобар ин барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди он муттаҳидшавии тамоми давлатҳои ҷаҳон тақозои замон аст ва дар якҷоягӣ бар зидди сарчашмаҳои террористӣ ва экстремизмти муборизаи беамон бояд бурд.

 

Абдураҳмонова М.З.

н.и.и., муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухалтерӣ,

таҳлил ва аудити ДИС ДДТТ

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *