Изҳороти устодон ва донишҷӯёни факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ ба сокинони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту ободии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардем. вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми ҷудонашавандаи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мебошад ва ба пешрафти кишвар ҳиссаи худро гузошта истодааст.

Имрўз душманону миллат пешравиҳои вилоятро дида натавониста, аз хориҷи кишвар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан “Фейсбук”, “Одноклассник”, “Радио Зелло”, “Ютуб” ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда, тадбирҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукуматро дар мавриди ҷамъоварии силоҳи ғайриқонунии оташфишон, пешгирӣ аз ҳаракати мошинҳои бидуни рақами давлатӣ, иҷозатномаи ронандагӣ ва сиёҳшиша, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар иқдомоти расмии мақомотҳои қудратии моро як навъ амалиёти низомӣ нисбати мардуми Бадахшон  унвон мекунанд.

Чӣ тавре, ки аз суханронӣ ва мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилоя-ти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон медонем, ки вазъи ҷиноӣ, зиёд будани шумораи беморони нашъамандӣ ва шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам (СПИД) ташвишовар аст. Аз ин сабаб аз тарафи мақомоти давлатӣ баҳри бартараф намудани ин камбудӣ чораҳои мушаххас андешида шудааст.

Мо аҳли коллективи омӯзгорон ва кормандони факултет ҳалли тезтари ин проблемаҳоро хоҳонем ва ба аҳолии бофарҳангу мадании вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чунин изҳорот пешниҳод мекунем:
– бегонагон мехоҳанд тавассути бархе аз гумроҳони Бадахшонӣ муҳити солими моро халалдор созанд;
– хоҷагони гумроҳони Бадахшон бо гурӯҳҳои Толибон ва ДИИШ алоқаи зич доранд;
– онҳо мехоҳанд, ки ҳарчӣ бештар тарафдорони худро дар вилоят пайдо кунанд;
– зиёда аз 60 фоизи масоҳати кишвари Афғонистон аз назорати мақомоти давлатӣ озод аст ва бесарусомонӣ дар он ҷо ҳукмрон аст;
– душманони вилоят ва кишварамон мехоҳанд, ки чунин бесарусомонӣ дар кишвари мо ҳам бошад;
– таърихи бесарусомониҳои солҳои 90-ум, ки ташкилкунандагонаш ҲНИ мебошад ба мо дарси ибрат бахшидааст, ки набояд ба чунин хатогиҳо роҳ диҳем;
– мо умедворем, ки халқи бофарҳангу мадании вилоят фирефтаи суханони бардурӯғи душманони халқу миллат намегарданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *