ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТдар шаҳри Хуҷанд вобаста ба баромадҳои иғвоангезонаи М.Садриддин дар канали YouTube –“Ислоҳ.тv “(аз 17.10.2025с.)

          Мо, кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни изҳоротҳои хеш борҳо нисбати баромадњои иғвоангезонаи яке аз пайрави фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин андешаҳои хешро баён намуда, онро  шадидан маҳкум карда будем. Имрӯзҳо низ ин  нотавонбини иғвогари ифротӣ, ки зиндагии осоиштаву рўзгори обод, фазои хурраму осуда ва хонаи тинҷу оромро пушти по зада, тарки Ватан карда, фаъолияти тарғиботӣ-ташвиқотии худро таваасути шабакаҳои иҷтимоӣ барои сафарбаркунии ҷомеа ба ҳолати зиддиятнокии сиёсӣ кўшиш намуда истодааст. Диққати асосии тарғиботии ифротиаш бештар бадномкунии сохтори иҷтимоию сиёсии ҷомеаи имрӯзаи мо равона карда шудааст. Ин иғвоангези ифротӣ дар давоми соли равон,бештар  дар канали YouTube, сомонаи ифротӣ бо номи Ислоҳ.тv “(“Ислоҳ. нет”) дар барномаи “Минбари муҳоҷир” намудор шуда, бо ҷалби думравонаш  бо навбат баромад намуда, зимни баромадҳо ободӣ, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ менамоянд. М.Садриддин ин навбат, санаи 17 октябри соли равон бо ҷалби думравонаш Муҳаммад Тағоев ва  ашхосе бо номҳои мустаор, аз ҷумла “Юлдуз”,”7+70” дар барномаи

дар боло зикршуда бо истифода  аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо бофта, аз ҷумла вобаста ба қазияи тазоҳуроти зиддиҳукуматии Ҷумҳурии Перу, ки санаи 15 октябр дар шаҳри Лима ба вуқуъ пайваста буд, сабти видеоӣ, намоиш дода, бо ин васила мардуми кишварро ба бедодгариҳои оммавӣ даъват намуд. Хуллас, ин гуруҳаки иғвогари ифротӣ имрӯз на танҳо аз ҷавҳари ҷавонмардиву оини мусалмонӣ дуранд, балки шарти инсонӣ ҳам, ки диду амали нек аст, бегонаи онҳост. Умуман, аз баромадҳои бемантиқу беасоси иғвогарон ҳар як фард бе ягон мушкилӣ  дарк менамояд, ки  ин тӯдаи ватангадо ғояҳои ифротӣ паҳн менамояд. Иғвогарони зикршуда, агар ин аз дину мазҳаб огоҳӣ медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони мо роҳи каҷу килеб ё худ ҷоҳилиро роҳандозӣ намекарданд.

Мо, кормандони шуъба дар интињои изњороти хеш баромадҳои иғвоангезонаи М.Садриддин ва думравонашро сахт маломат ва маҳкум намуда, ҳамин нуктаро таъкид менамоем, ки сулҳи деринтизори мо бисёр қавӣ аст, ягон қувва онро халалдор карда наметавонад, ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишварро ҷонибдорӣ менамоем ва Тоҷикистонро якҷоя боз ҳам зеботар хоњем намуд. Тоҷикистон, ба пеш!

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *