БАДТИНАТОНИ ИФРОТӢ

                                                                             

Тибқи расонаҳои хабарӣ ҳамагон бохабаранд, ки яке аз пайрави фаъоли наҳзат, амиқтараш афроди бадтинати ифротӣ Муҳаммадиқболи Садридддин ва шогирдону думравонаш, аз ҷумла Муҳаммад Тағоев имрузҳо дар кишварҳои Аврупо паноњ ёфта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ,

дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон баромад намуда, иғвову буҳтонҳо мебофанд. Ягона роҳ барои фаъолияти имрўзаи ин бадтинатони ифротӣ дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд. Амалҳои беватанони зикршуда,ки ба тоҷик гуфтан забон намегардад, аз хориҷи кишвар истода ба халқу миллати худ санги маломат мепартоянд. Дар атрофи баромадҳои ин гуруҳаки ифротии роҳгумшуда андешаронӣ намуда, бояд қайд кард, ки зимни суханронии бемантиқу беасос ва баробари ин ба масъалаи риояи меъёрҳои забони адабӣ, қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ эътибор намедиҳанд. Матлаби ёдовар шудани ин масоил пеш аз ҳама ба хотири пешгирӣ аз хатоиҳои имлоӣ ва забонӣ, ба таври дуруст сухан рондани забони тоҷиқӣ аст. Касе ки набошад дар шабакаҳои иҷтимоӣ, умуман дар минбарҳои сатҳаш гуногун бояд, бе хатогии ҷиддӣ сухан гӯяд. Гап дар бораи забони тоҷикӣ меравад. Хотиррасон менамоем, ки ҳангоми истифодаи забони давлатӣ, риояи муқаррароти қоидаҳои имлоӣ, забони адабӣ ҳатмӣ мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки ҳар як халқу миллатро бо забону фарҳанг ва шахсиятҳои бузургаш мешиносанд.Обрую эътибори миллати мо аз ҳама воло аст. Бинобар ин, М.Садриддин ва думравонаш бояд ба худ хулосаи зарурӣ бароранд!
Мо дар интињои андешаи хеш баромадҳои ифротии М.Садриддин ва думравонашро шадидан маҳкум намуда, таъкидан хотирррасон менамоем, ки имрӯз тафаккури миллати боору номуси тоҷик тафаккури созандагӣ буда, алайҳи бадхоҳони миллат- наҳзатӣ буд, ҳаст ва мемонад. Воқеан, имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили душманони миллат муборизаи беамон бурда истодаанд.

М.АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *