

Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, зимни изҳороти навбатиамон вобаста ба баромади навбатии Муҳаммадиқболи Садриддин, узви фаъоли паймони худсохтаи наҳзатиҳо бо номи “Паймони милли..”, дар асл ҳамон тудаи бадхоҳони миллат бо номи ҲНИ мебошад, ибрози андеша ронда,сараввал онро маҳкум менамоем. Ин навбат М.Садриддин, санаи 28 феврали соли равон таҳти унвони “Омодагии зимистони 2023-2024-ро дидем, натавонистед равед” боз дар сомонаи “Ислоҳ ТV”. ,барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби шогирдону думравонаш баромад намуд. Мавсуф боз “уламои дин” нишон дода, дар якҷояги бо думравонаш, аз ҷумла Муҳаммад Тағоев, Изатулло Абдуллоев ва афроде бо лақаби Сулаймони форс, дигаре Ҷонсони кӯдаковоз-Абдурозиқ баромад намуда, нисбат ба давлату миллати кишвар, бахусус дар атрофи масоили маҳдудияти барқ суханони беасоси таҳқиромез гуфтанд Баромадҳои қаблӣ ва навбатии М.Садридин ва думравонашро таҳлил намуда, қайд менамоем, ки ин бадхоҳони миллат дар хориҷи кишвар қарордошта, танҳо дар бораи камбудии ин ё он соҳа ва давлат ҳарф мезанад, ки ягон асос надорад. Дар иртибот ба ин, суол ба миён меояд.Оё дар дунё ҳаст давлате, ки муаммову мушкилӣ надошта бошад? Ба ин суол бе ягон душвори посух медиҳем: Нест, албатта. Пешрафтатарин давлатҳо дар ҷомеаи худ муаммоҳои мухталиф доранд. Баробари ин, бояд қайд кард,ки имсол кишвари соҳибистиқлоламон 33- солигиашро истиқбол менамояд ва даҳ соли аввали он ба давраи нооромии сиёсӣ рост меояд. Вале, ба ин нигоҳ накарда, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дастовардҳои назаррас ба чашм мерасад. Бояд таъкидан хотиррасон кард,ки ҳар фарди солимақлу соҳибaтафаккур дар давоми умри худ пайваста баҳри қонеъ гардонидани завқи бадеӣ ва эстетикии худ мекӯшад ва дар ин раванд сайругашти саҳарӣ ё бегоҳӣ барои саломатӣ ва ҳам рӯҳияи нав мақбултар аст. Ҳатто, нафарони пастфитрату муғриз низ аз чунин таълимотҳо бархурдоранд ва дар майнаи пучи бемағз ҳавас ба сайругашт доранд. Аммо нафари хоини миллату мазҳабфурӯши бешараф – М.Садриддин, умуман тӯдаи ватангадоёни саргардони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..”бошад, оғӯши табиати биҳиштосоро ба сарқути мизи хоҷагони дасисабози хориҷӣ иваз намудаанд ва майнаашон олудаи палидию ғашиҳои асту дар он саводи казоӣ барои беҳбудии ҷомеа вуҷуд надорад. Дар асл бигирем, наҳзатиҳо имрўз бозичаи кишварҳои хориҷӣ гардида, барои ташкил намудани гурўҳҳои муташакили ҷиноятӣ, терористӣ-экстремистӣ машғул ҳастанд ва бо ин роҳ мардуми осоишта ва сулҳхоҳи тоҷикро ба ташкил намудани эътирозҳо даъват намудан кӯшиш дорад. Бояд хотиррасон кард, ки ин тоифаи хиёнаткорон аз Кабирӣ сар карда, то аъзои қаториашон Муҳаммадиқбол Садриддин ва пайравонаш ҳаққи муаррифии миллати тоҷикро дар минбарҳо садо баланд карданро надоранд. Ногуфта намонад, ки ин тӯдаи ифротгарон дар қатори ланаткардагони халқу миллат ҷой доранд.
Дар фарҷоми изҳороти хеш боз такрор ба такрор гуфтанием, ки баромадҳои ифротии бадхоҳони миллат бори дигар собит менамояд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Аз ин рў, барои решакан кардани ақидаҳои ифротӣ муборизаи беамон бояд барем, ки ин яке аз масъулияти муҳимтарини шаҳрвандиву фарзандии мост!