ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР БА АМНИЯТИ ҶАҲОН!

Имрўз дар ҷомеи ҷаҳонӣ ба майдон омадани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва гурўҳҳои манфиатхоҳу манфиатҷўи ифротгаро боиси мушкилотҳои зиёд гардидааст. Барои монеъ шудан ба фаъолиятҳои ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳкунанда аксарияти давлатҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамарўза талош варзида истодаанд. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, ҷуғрофиё ва доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағйирёбандаанд
Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон чун як давлати мустақил ба арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои нахустини худро дар солҳои 90-уми асри ХХ гузошта, пеш аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид ва ба ҷиноятҳои ҳам анъанавӣ ва ҳам навини асри ХХ-ХХI аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, хариду фурӯши силоҳ, савдои одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дучор гардид.
Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин мўҳлат оид ба ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рўзҳои аввалини давлатдории хеш ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмиллалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳояшон аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд..
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 қабул гардидааст ва дар натиҷа мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тибқи талаботи санадҳои меъёрии байналмилалӣ мушаххасан дарҷ гардидааст ва Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро дар ин замина ба таври доимӣ ба анҷом мерасонад. Баробари ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи муқовимат ба экстремизм” аз 2 январи соли 2020, № 1655 амал мекунад ,ки он асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Роҳбарияти Тоҷикистон дар асоси санадҳои дохиливу байналмилалӣ муборизаи худро бо терроризм ва экстремизмро ба роҳ мемонад. Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои хеш борҳо таъкид намудаанд: “Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст” ва набояд фирефтаи он гашт.
Умуман, мақсадҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд. Мақсадҳои зиршуда, ба тариқи амалӣ намудани чорабиниҳои хусусияти ташкилӣ-ҳуқуқӣ, профилактикӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ, ки дар Стратегияи номбар гардидааст санадҳои дигари сиёсию ҳуқуқӣ ва дастурҳои бо дарназардошти эҳтиёҷоти мубориза бо экстремизм ва терроризм қабулшаванда пешбинӣ шудаанд, ба даст оварда шуда, мебояд ҳамзамон тамоми ҷомеаро фаро гирифта, ба уҳдадориҳои марбут ба ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳуқуқи байналмилалии инсондўстӣ ва стандартҳои озодӣ аз табъиз мувофиқат намоянд. Сиёсати зиддитеррористии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ, истиқлолият ва тамомияти арзӣ мебошад. Муқаррароти асосии он дар Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, мутобиқ ба икдомоти Тоҷикистон дойр ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.Стратегия мазкур мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.Хулоса, вазифаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар марҳилаи кунунӣ баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, тақвияти ҳамкориҳои онҳо бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти коҳиш додан, кам ва паст намудани хавфу таҳдиди терроризм, инчунин тақвияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва таъмини волоияти қонун мебошанд.
Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад.Воқеан, таъмини амнияти миллӣ, таҳкими истиқлолият, ҳифзи ҳамаҷонибаи манфиатҳои миллӣ аз ҷониби давлату ҳукумат дар фаъолияти сиёсии дохилию хориҷӣ ва масъалаи ҳамаҷониба амалигардонии он муҳимтарин омили рушди сиёсӣ мегардад. Ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ, маданияти сиёсӣ, муайян намудани идеяи ягонаи миллӣ, ҳисси ифтихори миллӣ, муҳаббат ба ватан, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳолӣ, ҳифзи марзу бум, мустаҳкамнамоии амнияти миллӣ, дар доираи ҳадафҳои худ истифода намудани фаъолияти созмону ташкилотҳои хориҷӣ, ҳифзи захираҳои табиӣ, метавонанд мамлакати моро аз таҳдидҳои замони муосир дар амон монад ва рушди устувори Тоҷикистонро таъмин намоянд.

М. МАМАДҶОНОВА ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *