ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ МИНТАҚАВИЮ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар ҷомеаи имрӯза равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои боэътимоди байналмилалӣ танҳо дар соли 2011 дар маҷмуъ дар 70 давлати ҷаҳон зиёда аз 10 ҳазор амалҳои террористӣ ба вуқуъ пайваста, дар натиҷаи онҳо зиёда аз 12,5 ҳазор одам ҳалок шудаанд ва умуман дар даҳсоли охир беш аз 72 135 амалҳои террористӣ содир шудааст.Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Дар робита ба ин, бояд қайд кард, ки аз ҷониби созмону ҳаракат ва гурӯҳҳои террористӣ, аз қабили Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида” ва дигар равияҳои ифротӣ , аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори номатлуб мебошад. Бояд ёдоваршуд, ки ташкилотҳои зикршуда қаблан дар Сурияву Ироқ ва алҳол дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон бо таври ошкоро ва пинҳонӣ фаъолият дошта, амалҳои террористӣ содир намуданашон ба назар мерасад. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем,ки танҳо дар моҳи сентябр, амиқтараш 2 сентябри сори ҷорӣ дар шаҳри Қобул аз ҷониби ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ”амали террористӣ содир шуд. Умуман, дар давоми се соли охир дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад. Ҳисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ беҳисоб аст. Хулоса, ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.
То имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталифи илмӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳӯри терроризм ва экстремизмро дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодааст. Қисме аз олимон пайдоиш ва нузули чунин амалҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд. Қисми дигар бошад, зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд. Ҳамзамон, муҳаққиқон зимни муайян намудани сабабу омилҳои таъсирпазири падидаҳои зикргардида, навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, биологӣ ва ғайраро муайян намудаанд, ки терроризму экстремизми диниро дар замони муосир аз ҳама беш хавфнок ва мушкилофар барои аҳли башар маънидод намудаанд. Ба ақидаи аксар олимон низ экстремизм дар дин бештар хусусияти ҷалбнамоиро созгор мебошад ва он дар тамоми гӯшаву канори олам ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва амалҳову аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд, ки ин пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Дар робита ба ин, Сарвари кишварамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надоранд. Баробари ин, пайваста изҳори назар менамоянд, ки экстремизм ва терроризм, ки имрӯз хусусияти ба истилоҳ “интернатсионалӣ” пайдо кардаанд, на танҳо дар дохили кишвар балки берун аз он ва барои решакан кардани ин зуҳуроти манфӣ, ҳамкориҳои байнидавлтию байналмилалиро тақозо менамояд. Зарурати афзоиш додани талошҳои муштарак дар мубориза бо ин чолишу таҳдидҳо, инчунин ҳамоҳангсозии корҳо ҷиҳати таҳкими сулҳ, субот ва амният ба миён омадааст. Пас, муборизаи мо бар муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ ва дигар омилҳои номатлуб дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад. Бинобар ин, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд масъалаи зикршударо дуруст дарк намоянд. Ҳар яки моро месазад, ки дар пайрави аз ташаббусу иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди устувори кишварамон камари ҳиммат баста, барои ояндаи ободу зебо, зиндагии орому осоишта, пойдории сулҳу субот, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои волои миллӣ саҳми арзишманд ва назаррасаро дар хизмати содиқона ба миллату давлат ва Ватани азизу ҷоноҷонамон Тоҷикистони маҳбуб анҷом дода, амалҳои хоинонаву разилонаи душманони миллату давлатамонро сахт маҳкум намуда, баҳри пурра решакан намудани гурӯҳҳову ташкилотҳои бо ном экстремистиву террористӣ муборизаи беамон барем.

М..МАМАДҶОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *