ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ба баромади навбати хоини миллат-М.Садриддин дар “Ислоҳ.нет” (аз 16.10.2024)

Мо кормандони шуъба аз баромади охирини яке аз пайравони “Паймони-милли”, хоини миллат – М.Садриддин ва думравонаш, санаи 16 октябри соли равон тавассути шакабаи “Ислоҳ.нет” дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” баромад намуданд ва аввалан мо онро маҳкум намуда, андешаамонро иброз менамоем. Зимни андешаи навбатии хеш қайд менамоем, ки М.Садриддин-хоинои миллат ин навбат бо ҷалби яке аз думраваш Тағоев Муҳаммад дар барномаи зикршуда оид ба сафари кории муовини Вазири корҳои дохилаи кишварро ба риштаи баҳс кашида, бо таҳқиру тӯҳмати шахсиятҳои мансабдор барои дигаргунсозии соттори конститутсионӣ ҷаҳду талош дошта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво андохтанд.

Мо аз баромадҳои ифротии М.Садриддин ва умуман пайравони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони миллӣ” ба хулоса омада қайд менамоем, ки ин тӯдаи хоинони миллат, дар фикру андешаи амнияту осоиштагии миллату Ватани азизамон нестанд! Ҳар як фарди солимақл бо чашмони худ дидаву бо гушҳои худ борҳо шунидааст, ки ин тудаи бадхоҳи миллат тавассути шабакаҳои ҷаҳонии интернетӣ чи гуна миллатро бо ҳам мешӯронаду мардумро ба майдонҳо даъват мекунанд.
Воқеан, боварӣ ба мардуми бедор ва зираку ҳушёри кишварамон, махсусан ҳаммиллатону ҳамватанони берунмарзиамон дорем, ки боз ҳам тири ин қабил хоинони миллат хок хоҳад хӯрд. Зеро ҳамеша ҳамватанони бонангу номуси мо, куҷое, ки набошанд, хоҳ дохил ва ё хориҷи кишвар ҳамеша аз ақли солим ва пирӯзии адолат ҷонибдорӣ намуда, зиндагию кори худро идома медиҳанд.

Хулоса, баромади навбатии М.Садриддин ва думравонашро шадидан маҳкум намуда, аз мардуми сарбаланди кишвари, аз ҷумла, шахсони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта, даъват ба амал меорем, ки ҳушёру зирак бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдат расанд ва нагузоранд, ки кишвари азизамон, бо дасисаи раҳбарияту ҳаммасалакони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони миллӣ” ба гирдоби ҷангу ҷидол кашида шавад!
Њадафи изҳороти мазкур аз ҷониби кормандони шуъба дар он аст, ки њар як шањрванди Тоҷикистон бояд рисолати уњдадории хешро пеша карда, пеш аз њама имрўз ҷавононро дар руњияи мењанпарастӣ роњи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоиштаву имконоти васеи тањсил, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онњо фирефтаи ваъдањои бебунёди гурўњои иѓвопеша нагарданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *