Таърих гувоҳ аст, ки дар гузаштаи начандон дур раҳбарияту ҳаммаслакон ва пайравони ТТЭ ҲНИ, ки алҳол бо номи “Паймони миилли..(калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ накардем,ба хонандаи закӣ ҳоҷат ба баён нест) имрузхо бо дастгирии молиявии хоҷагонашон асосан дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, дар қолаби бозиҳои пуштипардагии қудратҳо барномаи ифротиашон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуданашон ба назар мерасад.

Муносибати бетарафона ва бемулоҳизакоронаи баъзе кишварҳо ба он натиҷа расид, ки дар Аврупо ифротгароии исломӣ домани худро густардатар мекунанд, ки думравони паймони худсохти наҳзат, бештар тавассути шабакаи иҷтимоӣ, аз ҷумла дар “Ислоҳ.нет”, дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир ” туҳмату иғвогариро пеша намудаанд. Ровии барномаи мазкур Муҳаммадиҷболи Садриддин мебошад, ки моҳҳои охири соли равон мунтазам бо ҷалби шогирдону думравонаш баромад менамояд.Агар рўзе нисбати Тоҷикистон туҳмату буҳтон наяфкананд ором намегиранд.

Воқеаву руйдодҳо собит менамоянд, ки М.Садриддин ба таври комил дастпарвару дастнишондодаи бегонагон буда, баромадҳои ифротии шогирдону пайравонаш дар шабакаҳои иљтимої нишон медиҳад, ки ин тоифа инсонҳои палид дар макотиби мазҳабии хориҷї таълимоти динию низомӣ гирифта, усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гӯлзании мардум ва дигар нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намудааст. Ҳамарўза хиёнати М.Садриддин ва умуман, наҳзатиҳо бори дигар нишон медиҳад, ки ин тудаи гумроҳшудагон, чун солҳои 90-уими асри гузашта, мехоҳанд ҷавононро гумроҳ сохта, ба корҳои зишти худ ҳамроҳ созанд.

Вале, ин гумроҳшудагони бетамизи ифротӣ бехабаранед, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна мољароро гирад. Аз ин рў, мубориза бо ин «вабои аср» на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар узви љомеа мебошад.Ҳамеша дар талоши он бошем, ки бо тамоми ҳастї марзу бум ва муваффақиятҳои ба даст омадаи кишварро ҳифз кунем ва насли бонангу ор, худшиносу ватандўстро тарбия намоем. Хулоса, нагузорем, ки ин гумроҳшудагони бетамизи ифротӣ дар шабакаҳои иљтимої нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!
Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз