Мақоми муҳосиби муосир дар шароити рақамикунонӣ

Мутобиқи нақшаи корҳои таълимӣ-методӣ санаи 19.10.2024 бо ташаббуси кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит вохўрии донишҷўёни курси якуми ихтисосҳои 250108 таҳлил ва аудит ва 250111 -аудит ва ревизия бо мутахассисони соҳавӣ таҳти унвони:
“Мақоми муҳосиби муосир дар шароити рақамикунонӣ” гузаронида шуд.


Дар сухани ифтитоҳии худ мудири кафедра дотсент Зокирхонзода М.З. оид ба мақсади ташкил ва гузаронидани вохўрии мазкурро шарҳ дода, қайд намуд, ки барои боз ҳам ҳавасманд намудани донишҷўёни курси якуми ихтисосҳои 250108 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит ва 250111 – аудит ва ревизия ба ихтисоси интихоб намудаи худ ин вохўрӣ сабаб шудааст. Зеро дар вохўрӣ муассиси ҶДММ “Суғдполитекс”, сармуҳосиби Идораи муҳосибӣ Раҳмонов Исломҷон Ҳасанович ҳамчун мутахассиси пуртаҷриба оид ба мақоми муҳосиби муосир дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт мухтасар баромад намуд ва донишҷўёнро барои бомасъулияту бошавқ хондан даъват намуд. Баромади муҳосиби ҶДММ “Аҷр” Ҳомидов Ассатулло оид ба зарурияти таҷлил барои фаъолияти муҳосибӣ дар шароити муосир бахшида шуда буд.
Чорабинии мазкурро декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ дотсент Ҳакимзода М.М. ҷамъбаст карда, барои баргузории чунин чорабинӣ ба меҳмонон ва ташкилкунандагон арзи сипос намуд.
Дар низоми кредитӣ ба масъалаи тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси муҳосибӣ ва кадрҳои илмӣ бо мақсади тақвияти иқтидори илмию зеҳнӣ бо усули анъанавию низоми нави бисёр зинагии таълим таваҷҷўҳи махсусе зоҳир гардонида шудааст. Дар охир мудири кафедра ҳозиринро барои иштироки фаъолона сипос гуфта, ба донишҷўён ҳидоят намуданд, ки пешаи роҳи илмро намоянд, зеро ҷавонони заковатманд ояндаи дурахшони миллатанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *