ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд  вобаста ба баромади иғвогаронаи ифротии М.Садриддин дар канали YouTube- “Ислоҳ.нет.”(Ислоҳ.ТV, аз 24.10.2025с.)

Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни изҳоротҳо борҳо доир ба баромадҳои иғвогаронаи ифротии яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин бо далелу мисолҳои зиёд изҳори андеша карда,онро шадидан маҳкум намудаем. Ин навбат низ вобаста ба баромади навбатии ин беватани ифротӣ, ки санаи 24 октябри соли равон  боз тавассути канали YouTube- Ислоҳ.нет.”(Ислоҳ.ТV)  бо ҷалби думравонаш садо баланд намуд, сараввал махкум намуда, ибрози андеша менамоем.  М.Садриддин зимни баромади навбатиаш бо ҷалби як қатор думраваш, афроде бо номи Абдулло (дар акс), дигаре бо лақаби “7+70”,”Ватан 66”ва амсоли

ин дар барномаи “Минбари муҳоҷир ”боз тўњмату ғайбат ва иғвогариро пеша карда, дар атрофи қазияи марги як зиндонӣ,  Саъидаъзам Раҳмонов, баробари ин, оид ба масоили маҳдудияти барқ дар кишвар, фаъолияти роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амалиёти низомии Русия дар Украинаро бо андешаи носолимашон, ғайривоқеӣ маънидод намуданд. Инчунин бо намоиши сабтҳои видиеоӣ  як марди солхурдаи сокини ноҳияи Данғараро зери хандаву масхара қарор дода,шаъну шарафашро паст заданд ва  баробари ин, мардуми кишвари соҳибистиқлоламонро мавриди танқиду таҳқир қарор доданд. Бо ин васила нохалафони ифротӣ боиси барангехтани кинаву адоват ва тафриқа байни ҳамватанон шуда, мардумро ба сӯи нооромиву ноумедиҳо мекашанд. Хулоса мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии ин гуруҳаки иғвогари ифротӣ  бовар намекунанд ва муқобили ин гуна ашхос муборизаи бемон мебаранд, ки нақшаҳои муғризонаи ифротиашон  амалӣ нагардад.

Дар фароварди изҳороти хеш, хулосабарорӣ намуда, таъкидан ба М.Садриддину думравонаш, умуман ба наҳзату навнаҳзатӣ иброз медорем, ки Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлолу демократӣ ва соҳибфарҳангу соҳибтамаддун аст!  Имрӯз дар ватанамон озодии сухан, виҷдон, шароиту имконоти иқтисодиву тиҷоратӣ, барои тамоми шаҳрвандон баробар аст, як забон, як дин ва ҳизбиятҳои гуногун дорем, барои ободии ин ватан кору фаъолият мекунем. Ва ҳаргиз ба суханони иғвопешаи ифротӣ, ба монанди М.Садриддин ва думравони ӯ бовар нахоҳем кард ва аз тамоми мардуми кишвар даъват ба амал меорем, ки фирефтаи суханҳои бадхоҳони миллат нагарданд. Ба Ватан ва миллати худ содиқ бошанд!

 

 

 

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *