“Конститутсия ба сифтаи қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқи пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду таомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меоварад”.
Эмомалӣ Раҳмон

Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки мо имсол 31-юмин солгарди онро таҷлил менамоем. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад.Ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард. Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ мебошад. Конститутсия сарчашмаи асосии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб рафта, дигар қонунҳо, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, қонунҳои соҳавӣ дар асоси он қабул мегарданд.
Воқеан, Конститутсия ҳуҷҷати муҳими сиёсиву таърихӣ буда, муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамеша муҳаррики асосии пешрафти ҷомеа ва таҷасумгари сохтори давлат ва ҷамъият ба ҳисоб меравад. Таърих гувоҳ аст,ки халқи шарифи тоҷик таъриху фарҳанги кӯҳан ва бойро соҳиб аст, ки инро тамоми ҷаҳониён эътироф кардаанд. Қабули санадҳои ҳуқуқии халқи тоҷик таърихи тӯлонӣ дорад. Зеро ҳанӯз дар аҳди давлатдории Ҳахоманишиниён дар асри панҷи пеш аз милод эъломияи ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи боадолат ҳамчун роҳнамо барои кулли шаҳрвандон хидмат мекард. Аз нуқтаи назари таърихшиносон ва мутахассисони таърихи ҳуқуқ ин санади таърихиро ба сифати нахустин эъломияи ҳуқуқи башар эътироф кардан мумкин аст. Аз таърихи даврони соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуда, бояд қайд кард,ки бевосита бо ташаббусу дастурҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корбандии дастовардҳои илми ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва суннату тафаккури ҳуқуқии миллӣ дар муддати шаш моҳ ду лоиҳаи Конститутсия, яке дар шакли идораи президентӣ ва дигар дар шакли идораи парламентиро таҳия намуда, ба баррасии мардум пешниҳод кард. Таҳия намудани ду лоиҳа бесабаб набуд. Аз замони таҳияи аввалин лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли 1992 пешниҳод гардида буд, дар афкори умум дар асоси бархӯрди неруҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоии кишвар дар масъалаи интихоби шакли идории давлати Тоҷикистон ақидаҳои гуногун ва ҳатто комилан хилофи ҳамдигар изҳор мешуданд. Комиссияи конститутсионӣ бо дарки масъулият ва дар натиҷаи таҳлили амиқи воқеияти сиёсии кишвар, бинобар набудани ҳизбу созмонҳои соҳибтаҷриба ва фароҳам наомадани пойгоҳи муносиби идоракунии парламентӣ дар Тоҷикистон, ба хулосаи ягона расид, ки лоиҳаи шакли идораи президентӣ ба баррасии халқ тавсия карда шавад. Баробари ин, бояд қайд кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми байни тоҷикон таҳия ва қабул гардида буд,аз ин лиҳоз вазифаи аввалиндаҷҷаи он таъмини оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон буд. Дар вақти таҳияи лоиҳаи Конститутсияи кишвар пешниҳоди доираи васеи аҳолӣ, намояндагони гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа ба инобат гирифта шудаанд. Аз ин нуқтаи назар Конститутсияи мо дар воқеъ ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ ва сиёсию ҳуқуқии таъмини сулҳи точикон гардид. Чунин таҷрибаи конститутсионии тоҷикон ҳоло чун намунаи ҳалли низоми дохилӣ аз тарафи чаҳониён ва сиёсатмадорони эътироф шудааст.
Конститутсия Тоҷикистонро чун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда пешбинӣ шудааст. Ифодаи меъёри мазкур дар Конститутсия барои доираи васеи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳвандони хориҷӣ, таъминоти моддиву иҷтимоии нафақахӯрон, ятимон, маъюбон, гирифтани пеши роҳи нобаробарии иқтисодии байни гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ ва таъмини инкишофи озодонаи ҳар як шахс хизмат мекунад.
Бояд зикр кард, ки се ҳиссаи моддаҳои конститутсия ба ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд бахшида шудааст, ки ин мавқеи баландро соҳиб будани мақоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳвандонро ифода менамояд: ”Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон даҳлнопазиранд”.
Бояд эътироф кард, ки Конститутсияи Тоҷикистон ба мисли конститутсияҳои давлатҳои дигари дунё баробари пешравии ҷомеа ва дигаргуниҳои ҳаёти мардум, пайдоишавии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ҳадафҳо ва самтҳои гуногун, ба монанди ислоҳотҳои судӣ, идоракунии давлатӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо табиаст,ки бояд тағйир ёбад ва мукаммал гардад. Ҳамаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсия шаҳодати он аст,ки ҷомеаи мо, давлати мо зина ба зина инкишоф ёфта истодааст ва мо бояд ҳамчун шаҳрвандони ин давлат, узви ин ҷомеа баҳри рушду нумӯи он ва ҳифзи марзу буми он ҳиссагузор бошем. Имрӯз мо дар остонаи чандин ҷашнвораҳои муҳими сиёсӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ қарор дорем. Тамоми мардуми шарафи Тоҷикистонро зарур аст, ки ташаббускориро пеша намуда, баҳри ободу зебо гаштани Ватани азизамон ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса гузаронидани ҷашнвораҳо, аз ҷумла сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми арзандаи хешро гузорем, то дар саросари давлатамон сулҳу оромӣ, осоиш, саодати рӯзгори хонаводагӣ ҳукмфармо бошад.
А. БОБОЕВ,
устоди кафедраи ҷомеашиносии
ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд
