ДАРАХТИ ДЎСТӢ БИНШИН, КИ КОМИ ДИЛ БА БОР ОРАД…

Ҳамаи мо хуб огоҳ ҳастем, ки санаи 13- уми марти соли 2025 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сурат гирифт. Дар ҷараёни сафари давлатӣ мулоқоти сарварони ду кишвари ҳамсоя дар сатҳи баланд гузашт ва чандин санадҳои нави ҳамкории байнидавлатӣ ба имзо расиданд.
Сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон яке аз масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба маҳсуб мешуд. Аз замони истиқлолият, ҷонибҳо барои муайянсозӣ ва аломатгузории сарҳади давлатӣ кўшиш намуда, дар ин раванд санадҳои гуногуни ҳуқуқӣ ба имзо расониданд. Муайянсозии хатти марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон раванди душвор ва мураккаб буда, он аз таърих, тақсимоти замин дар даврони Шўравӣ ва манфиатҳои миллӣ ибтидо гирифтааст. Солҳои охир, муколамаи сиёсӣ ва дипломатӣ байни ду кишвар барои ҳалли мушкилоти марзӣ шиддат гирифт, ки боиси таҳияи якчанд созишномаҳо гардид. Хушбахтона, ақли солим пирўз гардид, комиссияи байниҳукуматӣ фаъолияти хешро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне муайянсозии хатти марз расид ва он бо имзои Сарварони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон тасдиқ гардид.
Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки ҷаҳон шоҳиди дигаргуниҳои зиёде гашта истодааст. Авзои тағирёбандаи ҷаҳон моро водор менамояд, ки ҳушёру зирак бошем ва фирефтаи афкори бадхоҳон нагардем ва дар муҳити дўстию рафоқат ва бародарӣ кору зиндагӣ намоем.
Фаромўш набояд кард, ки ҷомеаи кунунии мо аз ҳарвакта дида бештар ба рафоқату ҳамдилӣ ниёз дорад. Дўстӣ бо мардуми олам танҳо саодату хушбахтӣ меорад. Аз ин хотир шинонидани дарахти дўстӣ савоб буда, решакан кардани ниҳоли душманӣ хуб аст.
Аз давраи Иттиҳоди Шўравӣ то инҷониб дар сарҳади ин ду кишвар нофаҳмиҳо барои замин ва об шуда мегузаштанд. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров санади таърихӣ “Созишнома оид ба сарҳади давлатӣ” имзо гардид, ки имконият дод то баҳсҳои сарҳадӣ аз байн раванд.
Воқеан, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон як руйдоди муҳими таърихӣ мебошад, ки асосан ба ҳалли се масъалаи муҳим: масъалаи сарҳади давлатӣ, ба роҳ мондани фаъолияти пурраи ду гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва барқарорсозии хатсайри мустақими парвоз миёни шаҳрҳои Душанбе ва Бишкекро ҳаллу фасл намуд.

             

Бо боварии комил метавон гуфт, ки ба имзо расидани созишномаи марзӣ, ифтитоҳи сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон на танҳо як қадами муҳимми сиёсӣ, балки оғози марҳилаи нави ҳамгироӣ ва эътимоди мутақобила мебошад. Сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкории устувор ва рушди минтақавӣ мебошад. Мо бо ояндаи неки муносибатҳои ҳасанаи кишварҳои Осиёи Марказӣ боварии комил дорем, бо ҳамкории судманд, ҳусни ҳамсоядорӣ ва дўстию рафоқат метавонем ҳама гуна ихтилофу нофаҳмиҳоро ҳаллу фасл намоем.

Н.РАҶАБЗОД,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *