ИЗҲОРОТИ кормандони шубаи илм ва инновастияи ДИС ДДТТ вобаста ба баромади набатии бадхоҳи миллат тавассути сомонаи ифротӣ бо номи”Ислоҳ. нет“ (аз 04.09.2024с.) 

Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд борҳо нисбат ба баромадҳои ифротии бадхоҳони миллат, ки ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ намоишкорӣ менамоянд. Ин гуна руйкардҳо, ба андешаи мо, ғайрисозандагӣ буда, гуруҳҳои носолимро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таблиғу ташвиқ менамоянд. Дар иртибот ба ин, мисол меорем, ки алҳол якеа аз пайравони паймони худсохтаи наҳзат афрод бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин бо пуштибонии хоҷагонаш дар кишвари Аврупо паноҳ ёфта, имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, амиқтараш дар сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет”, асосан дар барномаи “Минбари муҳоҷир”баромадҳои ифротӣ менамояд. Дар давоми моҳи август ва санаи 4 сентябри соли равон М.Садриддини бешараф боз зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дини мубини ислом ҳарф зада ва амалҳову аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд, ки ин пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона мегардад. Ин афроди бешарафи носолими беватан мисли тўтӣ дар ҳар баромадҳои ифротиашон такор ба такрор дастовардҳои кишвари соҳибистиқлолро нодида гирифта, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакатро нодуруст маънидод менамояд. М.Садриддин ва шогирдону думравонаш бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд.Бо дар боло калимаи “бешарф”-ро зикр кардем, ба хонандаи заки оид ба бешарфии М.Садридин мо борҳозимни интишори мақоламон бо далелҳои ранданшаванда маълумот дода, ки ҳоҷат ба баён нест.
Борҳо гуфта будем, таъкидан боз ба М.Садриддини бешарафи роҳгумзада ва умуман, ба шогирдону пайравонаш, инчунин ба раҳбарияту ҳаммсалакони наҳзатиҳои фирорӣ гуфтанием, ки шумоён ватангумкардаҳо хоҷагони хориҷии маблағгузоратон ба афкоратон тӯҳмату фитнаангезиро ҷой кардаанд. Такрор ба такрор ба М.Садриддини роҳгумзадаи бешараф гуфтанием, ки ба доми хоҷагонашон афтода, яке аз хоинони маҳзабфуруши бешараф шудааст.
Зимни изҳорот навбатиамон мақсад аз зикр намудани гуфтаҳои боло аз он иборат аст, ки дар куҷое набошем, чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷи кишвар даъват ба амал меорем, ки ҳадафҳои ниҳоии бадхоҳони миллат, аз қабили М. Садриддини бешарафро сахт маҳкумаш намоем, барои боз ҳам баландтар гардидани шаъну эътибори миллати худ ва аз ин ҳам ободу зебо шудани ҳар як гўшаи Ватани ҷоноҷонамон содиқонаву софдилона сидқан хизмату меҳнат намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *