Мо тавассути расонаҳои хабарӣ огаҳем, ки имрӯзҳо аз тарафи яке аз афроди роҳгумзадаи ҳангомаҷӯёи бадтинати фирорӣ бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин бо шогирдону пайравонаш дар давоми моҳи август ва 4 сентябри соли равон дар шабакаҳои иљтимоӣ, амиқтараш сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир”ва яке аз думравонаш Ашӯров Ҳусейн, дар барномаи ифротии “Ҳақ ва ботил” баромад намуданд. Ин тӯдаи ҳангомаҷӯёни бадтинат, зимни баромадҳояш доимо дастовардҳои беназири Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро нодида гирифта, нисбати роҳбарияти олии кишвар таври худ ғайривоқеӣ маънидод карда,бо ин васила мехоҳанд, дар ҷомеаи имрўза таҳлука барангехта, барои расидан ба ҳадафҳои худ дурӯғ мегӯянд, тақаллуб мекунанд.
Умуман, рафтору кирдори ин қабил гумроҳони ҳангомаҷӯёни бадтинат бори дигар собит мекунад, ки чунин шахсиятҳои ифротгарои беимон, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки хоинон ватан, миллат бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба туҳмату иғвогарӣ машғуланд. Бинобар ин, нагузорем, ки ин қабил ҳангомаҷӯи бадтинат ва пайравонашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯянд.
Дар охир бори дигар ба М.Садриддин ва думравонаш мегӯем, ки уимрӯз Тоҷикистон он давлати солҳои 90-умии асри гузашта нест ва мардумони боору номуси кишвар барои мубориза бурдан бо душманони давлат ва миллат, хоинону, зархаридони хориҷӣ камари мардӣ бастаанд.
Хулоса, дар интиҳои андешаи хеш иброз медорем, ки мардуми шарифи Тољикистон бо гузашти айём ва табодули таљриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои ҳангомаҷӯёни бадтинат огаҳ гардида, бар зидди инсонҳои тангназарону хиёнаткори ифротӣ муборизаи беамон бурда истодааст ва минбаъд низ хоҳад бурд. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки сулҳу суботи давлатамон пойдор мемонад ва ягон ҳизбу равияҳои ифротгароӣ осмони софи Тољикистонро тира карда наметавонад !
А.ВАЛИЕВ ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ