
Имрӯз пӯшида нест, ки бархе афроди роҳгумзадаи ватангадои фирорӣ, бахусус ҳаммаслаку пайравони паймони худсохтаи наҳзат, барои пиёда намудани ҳадафҳои нопоки худ обрӯ ва эътиқоди миллату давлати тоҷикро зери суол баранд. Масалан, яке аз пайрави фаъоли наҳзат, шогирди Муҳиддин Кабирӣ, афроде бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки имрӯз гадои дар ба дару дур аз кишвар дар Аврупо иқомат дошта, бо баҳонаҷӯю дурўғпардозӣ ва иғвоангезии худ нисбати кишвари мо суханҳои носолимро пеша намудааст.

Мо қаблан зимни мақолаҳои хеш, бо мисолҳои амиқ нисбати амалҳои хиёнтакорӣ ва бешарафии М.Садриддин андешаамонро иброз дошта будем. М.Садриддин то ҳол ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз дар давоми соли ҷорӣ тавассути шабакаи “Исоҳ.нет.”, аз ҷумла дар моҳи октябр ва ҳафтаи аввали ноябри соли равон, дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби шогирдону пайравонаш баромад намуда, чун баромадҳои пешинааш дини мубини Исломро барои худ сипар нишон дода, ғояҳои ифротӣ паҳн намуд. Аз суханронии ин афроди бешараф дарк намудан мумкин аст, ки пешаки ин баромадҳоро бо шахси масъули наҳзат, амиқтараш таҳти роҳбарии М.Кабирӣ омода намудааст ва он ҳадафи худро дорад. Маълумоте, ки М.Садриддин паҳн мекунад, пур аз тӯҳмат ва таблиғи хушунат алайҳи давлату миллати тоҷик аст. Хулоса, рафтору гуфтори М.Садриддин бори дигар нишон медиҳад, ки чунин ашхоси беимони бешараф, аъмоли он гувоҳ аст, ки ин гуна афрод ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Бо назрдошти масъалаи матраҳгардида, қайд менамоем, ки М.Садриддин яке аз афроде мебошад, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар ҳарос афтодааст. Ба бадхоҳи миллат ва шогирдону пайравони наҳзат гуфтанием, ки аз ҳар минбару барномаҳои ифротиаш номи Тољикистонро ба забон наоранд! Чунки М.Садридин ва умуман пайравони паймони худсохтаи наҳзат дар асл гумроҳшудагони иғвогари хиёнаткор ҳатсанд, ки ҳоҷат ба баён нест. Чунки таърих ба ин гувоҳ аст.
Ба М.Садриддин ва умуман ба пайравони наҳзат, яъне роҳгумзадаи ватангадои фирорӣ бори дигар хотиррасон менамоем, ки тољики ватандӯсту меҳанпараст гарчанде новобаста дар муҳољирати меҳнатӣ қарор дошта бошад ҳам, ватани худро дӯст медоранд ва баҳри ҳифзи сулҳу субот камари ҳиммат баста, маъруфгари Тољикистони соҳибистиқлол мебошанду обрую нуфузашро баланд бардошта, бо ин васила, саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Дар фарҷоми андешаи хеш иброз медорем, ки мо ҷавонони боору номуси кишвар тӯҳмату ғайбат ва бадгумонии М.Садриддин ва умуман раҳбарияту аъзоён ва пайравони паймони худсохтаи наҳзат-Паймони милли ки дар асл ТТЭ ҲНИ мебошад, шадидан маҳкум карда, намегузорем, ки ин гуруҳи нохалафони ватангадои иғвогар нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гўянд!
А.ВАЛИЕВ ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ