Мо, омўзгорони кафедра доир ба филми мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам», ки тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ пахш гардида истодааст, тамошо намуда. нисбат ба суханхои яке аз муассисон ва ташкилкунандагони ҳизб Сатторов Айёмиддин чанд андешаи хешро иброз медорем.
Воқеан баъд аз истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон маҳз ҲНИ аз фазои холии кишвар истифода бурда мардумро ба гумроҳӣ равона сохтааст, ки дар натиҷа ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ оѓоз шуда, кишварамро ѓарқи хун гардонид. Хушбахтона бо сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон сулҳу субот барпо шуда, марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардид ва дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор гардид.
Истиқлолияти муқаддаси мо ва ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ, ки дар саргаҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, тақвият ёфта, кишвари азизамон рўз аз рўз рушди тоза меёбад. Бо баробари ин, қайд кардан лозим аст, ки имрўз ҲНИ аз дастовардҳои назарраси кишварамон дар як ҳолати нотавонбинӣ қарор дорад ва мисолҳое, ки Сатторов А. дар филми мустанад нисбати Кабирӣ М.гуфта истодааст ҳоҷат ба баён нест.
Мо, омўзгорон хуб медонем, ки ТЭТ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопокашон хеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳанд расид. Зеро имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону ватанфурўш, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодааст ва дар оянда низ хоҳад бурд.