Мо кормандони шуъба, тибқи расонаҳои хабарӣ огаҳ ҳастем, ки имрӯзҳо яке аз хиёнаткори миллат Муҳиддин Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо баромади навбатиаш бар зидди сиёсати имрӯзаи кишвари мо тӯҳмату бӯҳтони беасос мекунад. Кас аз дидани барномаи “Паймони миллӣ…” эҳсос мекунад, ки Кабирӣ худро “раияатпарвар” вонамуд карда, ба ҷои тасаллӣ додани мардум дар давраи хуруҷи бемории сироятии короновирус-“COVID-19”, баръкас машғули гапҳои беҳуда шуда, нисбати миллату давлат иғвоангезӣ менамояд.
Имрӯз Кабирӣ дар Аврупо қарор дораду ба хотири молу сарват, ақли худро бохтааст ва аз вазъи сиёсӣ ва дастовардҳои беназири кишвари мо бехабар аст. Хулоса, симои Кабирӣ ва ақидаи амалаш ба ҳамагон маълум аст!
Мо кормандони шуъба ба тамоми мардуми кишвар даъват ба амал меорем, ки бар зидди хоинони миллат муборизаи беамон бурда, нагузорем, ки душмани миллат-М.Кабирӣ ва пайравонашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо иғвоангезву дасисабозиҳояшон нисбати кишвари мо сухан гӯяд.