ТТЭ ҲНИ – ДУШМАНИ АСОСИИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ !

Имрӯз бо назардошти шадид гардидани вазъи сиёсӣ дар минтақаҳои ҳаммарзи кишвари ҳамсояи Афғонистон бо Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори умум ва коршиносону таҳлилгарон қарор гирифтааст.

Яке аз душманони миллат- роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ бо истифода аз вазъияти имрӯзаи муносибати нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва “Толибон», ба таври худ ғайривоқеӣ маънидод карда, дар ҷомеаи имрӯзаи кишварамон таҳлука барангезонидан кӯшиш менамояд.

Ҳамин тариқ, раҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ бо истифода аз фурсати муносиб ва маккории сиёсӣ новобаста аз вазъи бемории сироятии короновирус, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба таҳлука овардааст, доир ба вазъияти баамаломадаи Афғонистон суханҳои сафсата хонда, ба сиёсати дохилии кишвари ба мо ҳамсоя дахолат карда истодааст. Мо чунин мешуморем, ки тақдири Афғонистон ва роҳи ояндаи онро бояд худи мардуми ин кишвар ҳаллу фасл ва муайян созанд. Бо баробари ин суол ба миён меояд, ки Кабирӣ ки аст? Ба ин суол пусух додан ягон мушкилие надорад. Кабирӣ – хиёнаткор, террорист ва душмани миллати тоҷик аст! Дар робита ба ин ёдовар шудан бамаврид аст, ки 18-уми феврали соли равон раиси мақомоти амнияти Афғонистон, Аҳмадзиё Сироҷ зимни суханрониаш дар Конфронcи минтақавии мубориза алайҳи терроризм таъкид карда буд, ки фаъолияти террористии созмони «Ансоруллоҳ» (қаноти ҷангии наҳзат) дар шимоли Афғонистон идома дорад ва хатари ҷиддие ба амнияти минтақа дорад. Ин навъ мавқеъгирии расмии Ҳукумати Афғонистон гувоҳи он аст, ки симои ТТЭ ҲНИ барои дигар давлату кишварҳо, ки алайҳи терроризму экстремизми динию мазҳабӣ муборизаи дастҷамъона мебаранд, ошкор шудааст. Имрӯз мардуми кишвар амиқан медонад, ки ТТЭ ҲНИ душмани асосии давлат ва миллати тоҷик аст!

Дар интиҳои андешаи хеш иброз медорем, ки аз ҷониби давлату ҳуқумат ҷиҳати руз аз рӯз пурзӯр кардани иқтидори ҳимоявии сарҳад, ба масъалаи пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, аз ҷумла пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, терроризиму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи марзу буми ватан қудрату тавоноӣ дорад!

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст. Воқеан мардуми мо дар тӯли таърихи начандон тӯлонии даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромаданд, эътимод дорем ва даъват ба амал меорем, ки ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ минбаъд низ содиқона ва софдилона заҳмат кашида, то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ хоҳем намуд!

                    РАҲМОНОВА М.А.,

ассистенти кафедраи математекаи олӣ

ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *