
Таърих гувоҳ аст ки ин бадхоҳони миллат, бахусус наҳзатиҳо бо роҳи иғвогарию туҳмат ва санг задан ба давлату миллат, оқибат аз ватан фирорӣ шуда, дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфтаанд ва то ҳол ба худ хулосаи зарурӣ набаровардаанд. Вақтҳои охир раҳбарияту думравони ТТЭ ҲНИ, ки имрӯз бо номи “Паймони миллӣ.”(калимаи Тоҷикстонро зарур намешуморем) намоён шуда, бо даъвоҳои беасосу пучу беъманӣ дар атрофи масоили сиёсати кишвар ва нисбат ба сокинони диёру фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ҳарзагўӣ карда шуд, ки ин амал ба мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонида, метавонад миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунад. Бо ин роҳ ифроткорӣ мехоҳанд, халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳаллҳо ҷудо кунанд. Буҳтону иғвогарӣ, ба миллати мо хос нест. Рафтору гуфтори наҳзатиҳо, амиқтараш раҳбари он Муҳидддин Кабирӣ ва шогирдаш,алалхусус Салим Султонзода худро ба аҳли илму адаб некхоҳ нишон доданӣ мешаванд, вале дар асл яке аз хусусиятҳои асосии ақида ва таълимоти онҳо ба фарҳангу маърифат ва хусусан ба тасаввуфу ирфон, назари манфӣ дошта, ба маънои томаш равшанфикронро чашми дидан надоштанду надоранд.

Шояд баъд аз ин гуфтугўи иттилоотӣ, бахусус думрави наҳзат Салим Султонзода айби худро дарк намуда, минбаъд бо назардошти ақидаҳои солиму возеҳ шарҳ додашудаи мо роҳи дурустро пеша кунад.
Ҳадафи масъалаи матраҳгардида он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд рисолати ўҳдадории хешро пеша карда, қабл аз ҳама имрўз ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, роҳи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоишта, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурўҳҳои иғвопеша ва ба суханҳои шахсони мутаассибу бегонапараст фирефта нагарданд. Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.
А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ