Изҳороти кормандони бахши табъу нашри донишкада дар бораи ифтитоҳи НБО Рощун ва мотаму навҳасароии бадхоҳони миллат

Имрўз мардуми Тоҷикистон бо дилҳои лабрез аз фараҳу шодӣ ифтитоҳи НБО Роғунро ҷашн мегиранд. Ҳама хушҳоланду ҳамдигарро табрик мегӯянд. Ба ин хурсандии мардуми мо намояндагони кишварҳои дигар ҳам шариканд ва ҷиҳати иштирок дар тантанаҳо ба Тоҷикистон ташриф овардаанд. Ин гузаштанҳо чӣ қадар рамзҳои бузург дошт. Яъне гузаштан аз ноободӣ ба ободӣ, аз торикӣ ба рӯшноӣ, аз вартаҳои ҳалокат ба зиндагии созанда барои миллати бузурги тоҷик.

Роғун – аввалин нурҳои ту паёми нурҳои ниҳоди равшандилони миллати моянд. Нури башорати дурахшони ҳастии шуобахши дирӯз, имрӯз ва фардои миллати тоҷик аст. Аммо ин ҳама ҷашну сурур бадхоҳони миллатро баръакс ғамгину сархам кардааст ва онҳо ба воҳима афтода чи кор карданашонро намедонанд.

Наход дар як муддати кутоҳ, яъне баъди халос шудани кишвар аз ТТЭ ҲНИ Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардаду симои шаҳрҳо ба кулли дигар шавад ва имрўз мо НБО Роғунро ба кор андозему чунин амалҳоро, ки бо сарварии Пешвои миллат анҷом меёбанд, васф накунем. Охир мардуми кишварамон ба фарқ аз шумо имрўз хеле хурсанд ҳастанд. Дар Тоҷикистон равшанфикрону устодони донишгоҳ вазифаашонро иҷро мекунанд, яъне мардумро ба роҳи дуруст бо навиштаҳояшон ҳидоят мекунанд, то мисли шумо гумроҳ нагарданд. Тоҷикистони озод мавҷуд аст ва ин Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад, ки дар он мардум озодона зиндагӣ доранд.  Шумо худатон иқрор ҳастед, ки то дараҷаи фаҳмиши дурусти мавзўи даст задаатон нарасидаед. Пас, ором бошеду ба кору зиндагии худ машғул шавед, он гоҳ сўзиши дилатон ҳам камтар мегардад.

Зеро дар Тоҷикистон баръакси навиштаи шумо ҳуқуқу озодиҳо таъминанд. Фақат ин масъаларо бо ТТЭ ҲНИ олуда насозед, зеро фаъолони ин ташкилот ҷинояткоранд ва бо ин сабаб ба ҷавобгари кашида шудаанд. Ҳукуматро бо таҷовуз кардани шарафу номуси шаҳрвандон туҳмат накунед, ки ҷавобгарӣ дорад. Бовар кунед сохторҳои марбута дар давоми муборизаи шадиду тӯлони бо ТТЭ ҲНИ терроризму ифротгароиро хуб шинохтаанд.

Ҳамаи ҷиноятҳои онҳо исбот шудааст. Беҳтараш худро аз онҳо дар гиред, ки ин маризи гузаранда аст. Ба шумо ёдрас мекунем, ки васфи корҳои бузург, масалан, ифтитоҳи НБО Роғун ғуломхўӣ нест, балки ин барои мардуми мо рўзи ҷашн асту тантана аст. Агар шумо дар ҳамин рўз ғамгин бошеду мотам гиред, ҳаммаслаки душманонед. Роҳандози гардидани пруҷаи Роғун ва ба кор даромадани чархаи аввали он зарбаи муҳликест, ки ТТЭ ҲНИ ҳеҷ интизорашро надошт.

Роғун имрӯз чархи аввалро ба гардиш медиҳад,
Душмани худ чун Кабириро ба ларзиш медиҳад.
Хоҷагонат баъд аз ин хоки ту мебезанд бидон,
Бар даруни гури ту хокистар андозанд бидон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *