Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷикию русии ДИС ДДТТ оид ба таъсиси «Паймони миллӣ» ва андешаҳои муғризонаи бадхоҳони миллат

Тоҷикистони азизи мо дар ин рӯзҳои таърихӣ шоҳиди воқеаи фараҳбахш ба кор даромадани аввалин чархаи НБО-и Роғун мегардад. Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат НБО Роғун ба кор дароварда шуда, дар рушди иқтисоди кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи мардум нақши босазо мегузорад. Аммо, мутассифона, ин ҳама пешрафту дастовардҳои кишвари азизамонро дар хориҷи кишвар як гуруҳ бадхоҳон ва бадандешон дидан намехоҳанд. Шоири форсу тоҷик Мирзо Соиби Табрезӣ барҳаы фармудааст.

 Бадпаймоист оҷизнолӣ аз оҳандилон,

 Нест дар дилҳо сироят нолои занҷирро.

Оре, аҳволу рӯзгори ашхоси роҳгумзада заррае ҳам ыалби ин худхоҳонро ба дарду ташвиш намеорад, онҳо танҳо баҳри расидан ба маысади ниҳоии худ мубориза мебаранду зӯри беҳуда мезананд.

Ҳеҷ як амали нопок ба маысад намерасад, зеро дар урфият мегӯянд, ки «Чоҳкан-зери чоҳ» аст. Собиы ҷонибдорони Муҳиддин Кабирӣ дар аъзогии ин созмони навтаъсис мехоҳанд ҳар чи зуддар дар Тоҷикистон табаддулоти сиёсиро барпо намоянд. Аслан, ин ашхос бохтагони виҷдону Ватани хеш барои осудагии фардию ба даст овардани давлату сарват ва соҳибият ба мансабҳои ваъдашуда мебошанд.

Ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ баъд аз он ки дар арсаи байналхалыӣ аз бебарориву амалӣ нагардидани ҳадафи нопоки хеш шармандаву шармсор гардид, аз пайи таъсиси як созмони дигар гашт. Ташкил шудани эътилофи «Паймони миллӣ» аз ҷониби созмонҳо ва ҳизби мухолифи Тоҷикистон дар нишасти Варшава ҳар нафари дӯстдори Ватанро ба натиҷае меоварад, ки мушкилоти ҳамдигарфаҳмии тоҷикро дар арсаи байналмилал аз ҳарваыта бештар мегардад. Паймони миллии Тоҷикистон ва ормонҳои созмондиҳандагони он ыобили маҳкум кардан аст. Опозитсияи тоҷик ҳаргиз ыодир нест, ки нерӯҳои парокандаро гирдиҳам оварад ва муборизаи худро ба сурати барномарезишуда идома диҳад.

Баъзе коршиносон таъсиси Паймони миллиро як созмони муътабар медонад ва ин пуштибони ашадии мухолифони тоҷик будани онҳоро собит мекунад. Дар шароити имрӯзаи кишвар гуфтушуниди воыеӣ бо ҳукумат пеши ҳама гуна андешаҳои носолимро хоҳад гирифт. Дар Тоҷикистон сулҳу субот ва оромиш побарҷост ва ягон «Паймоне» пеши роҳи онро гирифта наметавонад.

Мардуми сарбаланди тоҷик тарафдори сулҳу субот, ваҳдат ва ягонагии миллӣ ҳастанд. Мо бояд ба ыадри ин рӯзҳои обод ва сулҳу ваҳдат расем ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, алайҳи бадхоҳони миллат садо баланд намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *