Изҳороти кормандони шуъбаи табъу нашри ДИС ДДТТ. нисбати хоинон ва бадхоҳони миллат

 

Боиси таассуф аст, ки объекти террор на шахсони алоҳидаву сиёсатмадорони касбӣ, балки гурӯҳи одамони ба сиёсат сарукорнадошта қарор дода мешаванд. Мо бояд ба хубӣ дарк намоем, ки «ақидаи ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротии динии муосир силоҳи муборизаи геополитикии қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда, дар сурати ба Тоҷикистон роҳ ёфтани онҳо, кишвари соҳибихтиёрамон ба майдони муборизаҳои калони геополитикӣ табдил меёбад. Таҳти роҳбарии ин “донои сиёсӣ”, аъзоёни ҲНИ нафарони гуногуне буданд, ки мақсади онҳо ин барҳам додани давлати мустақили тоҷикон буда, мехостанд, ки он ба Афғонистон, ё Сурия табдил ёбад. Мардуми дурандеши тоҷик баъд аз воқеаҳои нангини солҳои 90 – ум сияҳу сафедро фарқ карда метавонанд. Онҳо намегузоранд, ки ин хоинони Ватан ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф ва пайравону балегӯёни онҳо, ки берун аз Тоҷикистонанд мақсадҳои нопоки хуро амалӣ гардонанд. Мутаассифона, дар байни фирефтагони гурӯҳҳои ифротгаро имрӯз бештар муҳоҷирони ҷавон қарор доранд. Ба доми муборизаҳои худ кашидани шаҳрвандони берун аз ватан шаҳодатгари онанд, ки дар дохил сокинон аз воқеияти ҳол огоҳии бештар доранд. Ҳамаи ин аз сатҳи пасти шуурнокӣ, дониши сиёсӣ ва маърифати динии баъзе аз афроди ҷомеа шаҳодат медиҳад. Мутаассифона, маҳз ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни динӣ боиси гумроҳии ҷавонони тоҷик гашта истодааст. Маҳз тавассути чунин гуруҳҳо ҷавонони ноогоҳ аз асли ислом аз номи ислом бар зидди ислом мубориза мебаранд. Пушида нест, ки дар роҳи расидан ба мақсад барои ТТЭ ҲНИ фарқе надорад, ки як кишвари ободу гул-гул шукуфон пора мегардад, ё як миллати куҳанбунёд ба фано мерасад.Барои ТТЭ ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Бинобар он мо шаҳрвандон набояд зиракии сиёсиро аз даст дода, фирефтаи чунин равияҳо гардем. Тоҷикистони азизамонро нагузорем ба вартаи ҷанг оғӯшта гардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *