Муҳиддин Кабирӣ таи чанд соли охир аст, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати обрӯву нуфузи Тоҷикистонро бо суханҳои дурӯғу бемазмунаш дар тамоми дунё паст задан мехоҳад. Кабирӣ нафақат ба давлату миллат, балки ба шарикони ҷинояти худ хиёнат карда, ба хориҷи кишвар фирор кард, ва ҳаммаслакони ӯ мисли ҳамон рӯбоҳи маккор, ки пас аз амалӣ нагаштани нақшаву амалҳои нопокашон, махсусан пас аз нокомӣ солҳои 1992-1997 инчунин дар интихоботи парлумонии соли 2015 ки боз амалҳои муғризонаи худро анҷом диҳад. М.Кабирӣ ва пайравони ӯ андешаи онро надоранд, ки хоҷагони хориҷии онҳо хуб дарк мекунанд, ки ин тоифа имрӯз бо як пайсаи ночиз Ватану миллат ва авлоди хешро фурӯхтаанд ва агар лозим бошад, рӯзе хоҷагони хешро низ мефурӯшанд ва аз дасти онҳо маҳв хоҳанд шуд. Воқеан баъд аз аёну исбот гардидан амалҳои номатлуб аксарияти наҳзатиён ба кишварҳои Аврупо фирор намуданд ва мисли саги дар ба дари хоҷагони хориҷӣ бо дастури онҳо тавассути сайтҳои ифротӣ бар зидди давлату Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол дурӯғу бофтаҳои худро баён мекунанд. Наҳзатиёни нобакору Кабирии палид! Барои ҷомеаи тоҷикистонӣ ғайр аз иғвою дасиса, тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос, хиёнату фосиқӣ, бешарафию беномусӣ чӣ нафъе овардед, ки ба ҳаёти осоиштаю ороми босуботи мо сангпартоӣ мекунед. Фармоиши хоҷагонатонро бобати сиёҳкардани мардуми заҳматкаши неъматофар иҷро мекунеду бадзотиатонро исбот. Боисрор даъват менамоям, ки каме худдорӣ намоеду бадзотии худро ҷилавгирӣ намоед. Хотирррасон бояд кард,ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар тӯли мавҷудияташ ба ягон мамлакат ҳуҷум накардааст, ба ягон мамлакат бо чашми ҳирс нигоҳ накардааст, дар таърих то имрӯз бо роҳбарони оқилу сулҳофар, миллатпарасту ғамхораш ном баровардаасту бас.
Муҳиддин Кабирӣ, ки худро соҳибдори Паймони миллӣ ва ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ метарошаду ҷонибдорони ангуштшуморашро намояндагӣ дорад, худро “мусичаи бегуноҳ” – и бозиҳои сиёсӣ вонамуд карда, тан мегирад, ки аз ин ташаббуси пури адовату кина танҳо аз “баъзе шиносҳо” бохабар шудаасту ягон ҳизби сиёсӣ ё чеҳраи “маъруф” – и сиёсии тавоное нест, ки чунин тазоҳуротро ташкилу барпо намояд. Қоил мешавад, ки ҳокимияти қонунии кишвар мавқеи тавоною устувори ҳамбастагӣ бо халқ ва ҳам дар миқёси ҷаҳонӣ дораду ҳеҷ гоҳ кӯшиши табаддулоти давлатӣ муваффақи ниятҳои нопокаш намешавад. Маҳз бо шарофати дастгирии Пешвои муаззами миллат ва бо шарофати Истиқлолият Тоҷикистон тавонист, ки дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфузи баланд пайдо намояд, аз Созмони Миллали Мутаҳҳид сар карда узви муҳимтарин созмонҳои байналмилалии дунё гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо 176 кишвари ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудааст, ки ин ҳама барои мо ифтихори баланд аст!
Дилафрӯз Ҳомидова
муҳаррири шуъбаи табъу
нашри ДИС ДДТТ