Шоири форсу тоҷик Мирзо Соиби Табрезӣ барҳақ фармудааст.
Бадпаймоист оҷизнолӣ аз оҳандилон,
Нест дар дилҳо сироят нолои занҷирро.
Оре, аҳволу рӯзгори муҳоҷирони роҳгумзада заррае ҳам қалби ин худхоҳонро ба дарду ташвиш намеорад, онҳо танҳо баҳри расидан ба мақсади ниҳоии худ мубориза мебаранду зӯри беҳуда мезананд.
Ҳеҷ як амали нопок ба мақсад намерасад, зеро дар урфият мегӯянд, ки «Чоҳкан-зери чоҳ» аст. Собиқ ҷонибдори Муҳиддин Кабирӣ дар аъзогии ин созмони навтаъсис мехоҳанд ҳар чи зуддар дар Тоҷикистон табаддулоти сиёсиро барпо намоянд. Аслан, ин ашхос бохтагони виҷдону Ватани хеш барои осудагии фардию ба даст овардани давлату сарват ва соҳибият ба мансабҳои ваъдашуда мебошанд.
Ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ баъд аз он ки дар арсаи байналхалқӣ аз бебарориву амалӣ нагардидани ҳадафи нопоки хеш шармандаву шармсор гардид, аз пайи таъсиси як созмони дигар гашт. Ташкил шудани эътилофи «Паймони миллӣ» аз ҷониби созмонҳо ва ҳизби мухолифи Тоҷикистон дар нишасти Варшава ҳар нафари дӯстдори Ватанро ба натиҷае меоварад, ки мушкилоти ҳамдигарфаҳмии тоҷикро дар арсаи байналмилал аз ҳарвақта бештар мегардад. Паймони миллии Тоҷикистон ва ормонҳои созмондиҳандагони он қобили маҳкум кардан аст. Опозитсияи тоҷик ҳаргиз қодир нест, ки нерӯҳои парокандаро гирдиҳам оварад ва муборизаи худро ба сурати барномарезишуда идома диҳад.
Аркадий Дубнов, ки худро коршиноси масоили Тоҷикистон мешуморад, таъсиси Паймони миллиро як созмони мӯътабар медонад ва ин пуштибони ашадии мухолифони тоҷик будани ӯро собит мекунад. Дар шароити имрӯзаи кишвар гуфтушуниди воқеӣ бо ҳукумат пеши ҳама гуна андешаҳои носолимро хоҳад гирифт. Дар Тоҷикистон сулҳу субот ва оромиш побарҷост ва ягон «Паймоне» пеши роҳи онро гирифта наметавонад.
Мардуми сарбаланди тоҷик тарафдори сулҳу субот, ваҳдат ва ягонагии миллӣ ҳастанд. Мо бояд ба қадри ин рӯзҳои обод ва сулҳу ваҳдат расем ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, алайҳи бадхоҳони миллат садо баланд намоем.