ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКИЮ РУСИИ ДИС ДДТТ НИСБАТИ ҚАЗИЯИ Ш.ГАДОЕВ

Дар расонаҳои хабарӣ дар бораи Ш. Гадоев матолиби зиёде ба нашр расиданд, ин сару садоҳо аслан асоси воқеӣ надоранд. Мо ба ин гуна сару садоҳо ва хабарҳои бардуруғи шабакаҳои иҷтимоӣ бовар намекунем ва медонем, ки Ш. Гадоев ба Тоҷикистон баргашта, аз кардаҳои худ изҳорои пушаймонӣ кард. Агар ӯро авф намекарданд, ӯ ҳеҷ гоҳ дигар ба Аврупо баргашта наметавонист.

Имрӯзҳо дар ҷаҳон илми технологияи компютерӣ хеле ривоҷ ёфта истодааст. Хусусан дар шабакаҳои интернетӣ хабарҳои росту дурӯғ бисёр шуда инсонро ба ҳар гуна роҳҳо ва гурӯҳҳо ҷудо менамояд.

Аз ҷумла аз ҷониби мухолифни давлати мо зери роҳбарии Кабирӣ маъракаи густурдае барои беобрӯ намудани давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ оғоз карда, тариқи шабакаҳои иҷтимоии худ “Паём.нет”, “Ислоҳ.нет”, “Ахбор.ком” ва амсоли онҳо аз омадани Шарофиддин Гадоев хабарҳои шумро месозанд. Чанд рӯз қабл дар сомонаи иттилоотии наҳзат “Паём.нет” мақолаеро зери унвони “Хадамоти амниятиии Русия дар рабудани Гадоев даст доштанд”-ро чоп намуданд. Мақсад аз чопи хабари муғризона ин бадном кардани сиёсат ва муносибати дустонаи Русия ва Тоҷикистон буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба рабуда шудани Гадоев бовар кунонанд. Лек ақли солим ба ин хабари дуруғин ҳеҷгоҳ бовар намекунад. Зеро Шарофиддин дар изҳороти расмии худ таъкид намуд, ки бо пойи худ ба Ватан баргашт ва аз кардаҳои худ пушаймон аст.

Дар бораи аз тарафи гуё Хадамоти амнияти Русия рабудани Шарофиддин Гадоев яке аз ҳамин хел хабарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад, ки аз тарафи хориҷиён нашр карда шудааст. Дар масъалаи рабудани ин шахс ягон шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон ва ё Русия, шабакаҳои телевизионӣ маълумот наовардаанд ва  дар бораи аз куҷо ин хабар пайдо шуданашро намефаҳмем. Аз маълумотҳои хабарии давлатӣ  ба мо маълум аст, ки Ш.Гадоев аз Русия бо хоҳиши худ омада ба ҳамаи гуноҳҳояш иқрор гардидааст. Зин-рӯ давлат ва миллати тоҷик гуноҳҳои ӯро авф намуда, барои исботи рабуда нашудани ӯ ба Аврупо равон намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *