Пешвои муаззами миллат аз рузе, ки ҳамчун сарвари давлати тоҷикон интихоб шуд, тамоми тоҷикони ҷаҳонро, ки фирорӣ шуда буданд, сарҷамъу якҷо кард. Сулҳу суботро фароҳам сохта, кишварро ба давлати пешрафта ва тинҷу ором мубаддал сохт.
Дар ин росто, қабл аз ҳама, дарк бояд кард, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик мебошад ва бунёдгузори рушди он, бешубҳа, Пешвои миллат аст. Акунун нафароне муфтхӯр пайдо шудаанду талоши онро доранд, ки сари қудрат биёянд. Аммо бояд донист, мардонагие, ки Сарваи давлат дар назди халқу миллат анҷом додааст, кори осон нест. Чанд муддат аст, ки хоинони миллат ба монанди Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Илҳом Ёқубов тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ гузоришоту суханрониҳои фитнаангез ва тафриқаандоз,манфиатҳои ТТЭ ҲНИ ва созмони паймоншиканонро бо номи Паймони миллии Тоҷикистон дифо намуда, ба тарғибу ташвиқи супоришҳои хоҷагони хориҷиаш машғуланд. Илҳом Ёқубов шахси дуруя, савдогар ва бесаводу хушомадгӯй буда, дар гузашта бо тахаллуси Илҳом-баксёр ба авбошию қонуншиканиҳо машғул буд. Падари ӯ Дадоҷон Ёқубов собиқ устоди донишгоҳ узви ашаддии ТТЭ ҲНИ ва хизматгори Кабирӣ буда, имрӯз ҳамроҳи фарзанди беномусаш дар хориҷи кишвар қарор дорад.
Дуруяву дуруғгӯй будани Илҳом Ёқубов ба он ифода меёбад, ки баъди муваффақ нагардидани намояндагони ин ҳизб дар интихобот бо ҳиллаву найранг аз пушаймониҳо сухан ронда, дар ботин аз ғуломи Кабирӣ буданаш ҳеҷ гоҳ даст накашидааст. Дар як муддати кӯтоҳе, И. Ёқубов вазифаи раиси федератсияи бокси вилоятро ба ӯҳда гирифта буд, чанд тан ҷавонони варзишгарро гумроҳ намуда, ҳамақидаи худ карда буд. Баъди чанд соли нопадидӣ Илҳом Ёқубов худро ҳамчун раиси Ассосисатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуда, зери қаноти Кабирӣ ба косалисию хушомадгӯӣ ва дасисаву фитнаҳо зидди давлату миллати мо худро аъзои ташкилоти худрӯиди “Паймони миллат” меҳисобад. Ҳамин тариқ, Илҳом Ёқубов мисли Кабириву Саидюнус ва ду се хоине, ки худро бо ҳар мақому маром муаррифӣ карданӣ мешаванд дар асл, шахсони кӯрнамак, нотавонбин, ватанфурӯш ва хоин буда, ҳеҷ гоҳ барои давлату миллати худ садоқат надоранд.
Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъу нашри донишкада