ИЗҲОРОТИ кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ вобаста ба баромади иғвогаронаи М.Садриддин дар “Ислоҳ.нет” (01.05.2024)

Мо омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қаблан зимни изҳороту маколаҳои хеш нисбат ба баромадҳои Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз пайравони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони миллӣ“ мебошад, андешаҳои хешро иброз дошта будем. Вобаста ба баромади навбатиаш, ки санаи 01 майи соли равон тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет”, дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир”баромад намудааст, сараввал онро маҳкум намуда, бояд қайд кард, ки зимни баромадаш М.Садриддин боз худро “сиёсатшинос” шуморида оид ба муносибатҳои Тоҷикистон бо Русия , ки аз воқеяти ҳол ва сиёсати ин ду давлат хеле дур аст, суханҳои носолими худро иброз намуд. Умуман, баромадҳои қаблию навбатии М.Садриддин дар сомонаи “Ислоҳ.нет” бо сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ танҳо худнамоишию туҳматангез ва иғвогарона аст, ки дар сиёсат ва таҷрибаи дилхоҳ давлати демократӣ вақте мухолифин сиёсати Ҳукумати амалкунандаро зери интиқод медиҳанд, бояд тибқи талаботи қонунгузорӣ мухолифати худро бо далелҳои қонунӣ асоснок намояд.Такроран боз гуфтанием, ки М.Садриддин, умуман тӯдаи бадхоҳони миллат – паймони худсохтаи наҳзат ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонад. Ҷараёни таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад. Аз ин лиҳоз, ба раҳбарияту пайравони паймони худсохтаи наҳҳзат-“Паймони милли..”, гуруҳҳои ифротӣ ва умуман бадҳоҳони миллат таъкидан гуфтанием, ки воқеан номи нек ҳама вақт вирди забон буда, аммо мисли М.Садриддин ва шогирдонаш дар зеҳни мардум ва хотираи Ватан ҳамчун хоину душман ва чоплусони хоҷагони хориҷӣ нақш баста, нафрати мардум доимо болои сари онҳост.

Мо омўзгорони кафедра дар фарҷоми изҳороти хеш гуфтанием, ки имрӯз тафаккури миллати боору номуси тоҷик тафаккури созандагӣ буда, зидди роҳбарияту аъзоёни наҳзатиҳо буду ҳаст ва мемонад. Хулоса, имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону хиёнаткори Аврупоӣ – М.Садриддин ва шигирдонаш муборизаи беамон бурда истодаанд ва дар оянда низ ҳоҳанд бурд. Мо итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва берун аз он минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона иҷро намуда, ҳамаи саъю талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳанд кард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *