ИҒВОАНГЕЗИИ ГУРӮҲАКИ КАЗЗОБ АЁН АСТ!

Солҳои охир яке аз пайравони паймони худсохтаи наҳзатӣ, афроди роҳгумзадаи бешараф Муҳаммадиқболи Садриддин тавассути сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир”ровигӣ намуда, бо ҷалби шогирдону пайравонаш доир ба мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла оид ба фаъолият, аз ҷумла оид ба сафарҳои хориҷии  роҳбарияти олии кишвар беасос норозигию иғвогарию тўҳмат карда, тухми кинаю адоват кошта истодааст. Масалан, санаи 8 майи соли ҷорӣ дар барномаи ифротии зикршуда М.Садриддин  бо ҷалби як қатор пайравонаш яке бо номи Муҳаммад Тағоев ва дигарҳо бо лақабҳои ғайрирасмию хандаовар, аз ҷумла, Ҷонсон, Ветсаб, Мубориз, “Миллати Иброҳим”, Сабурӣ, Қурғанӣ, яъне бо ибораи дигар ин гуруҳаки каззоб оид ба сафари навбатии роҳбарияти олии кишвар ба Федератсияи Русия, сиёсатӣ пешгирифтаи ҳукумат, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, бо андешаҳои подарҳавояшон баромади ифротӣ намуданд.

Вобаста ба сафари навбатии Президенти кишвар қайд менамоем, ки Сарони кишвар зимни мулокоти дуҷониба оид ба масоили мубрами ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, танзими раванди муҳоҷирати корӣ ва муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳо дар соҳаи амният, бахусус терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Дар ин замина ҷиҳати тақвияти фаъолияти вазорату идораҳои марбутаи ду давлат дар самтҳои мазкур ба мувофиқа расиданд. Дар самти мубориза бо терроризм ҷонибҳо зарурати боз ҳам ҷоннок гардонидани ҳамоҳангиҳо ва ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси ду давлатро таъкид намуданд. Баробари ин,  зарурати аз ҷониби идораҳои дахлдор андешидани тадбирҳои муштараки муассир ҷиҳати рафъи мушкилоти дар соҳаи муҳоҷирати корӣ бавуҷудомада бахусус таъкид гардид. Мувофиқа ҳосил шуд, ки ба ин хотир ҳайатҳои баландпояи ҳарду ҷониб дар муҳлатҳои наздик музокирот доир намоянд.

Вале, ин гуруҳаки каззоб ақлу фаросат надоранд ва сиёсати хориҷии кишварро сарфаҳм нарафта, ҳар сухани дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, бар муқобили миллату Ватан, ба давлати тоҷикон хиёнатро раво медоранд. Пӯшида нест, ки М.Садриддин ва умуман наҳзатиҳо, барои амалӣ намудани супоришҳои хоҷагони хориҷиаш бо ҳар роҳу восита мехоҳад фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намоянд. Хулоса, ҳар як бинандаю шунаванда, бе ягон мушкилӣ дарк мекунад,ки иғвоангезии навбатии ин гурӯҳаки каззоб аён аст.Мақсадашон байни мардуми осоишта низоъ андохтан, гумроҳ намудан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст. Мо суханҳои беасоси ин гуна гуруқаки манфури каззоби мунофиқ андеша намуда, хулоса менамоем, ки таҳлилҳои ноқис, бепоя ва шикастаи  бадхоҳоҳни миллат дар асл ниёз ба посухи илмӣ надорад. Танҳо шахси аз илми сиёсат ноогоҳ ва ё шахси душмани миллату давлат чунин пешниҳоду хулосабарорӣ мекунад. Хулоса ин ҷо дигар ба шарҳу тафсири масъала ҳоҷат нест!

Дар интиҳои андешаи хеш қайд менамоем, ки имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти ҷараёни таърих аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону хиёнаткор – М.Садриддин ва шогирдону пайравонаш муборизаи беамон бурда истодаанд ва дар оянда низ ҳоҳанд бурд. Мо итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда  тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва берун аз он минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, тақвияти иқтидори  давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона иҷро намуда, ҳамаи саъю талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳанд кард.

Ҷ.ҶӮРАЕВ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *