ТТЭ ҲНИ-ПМ –БАҲОНАҶӮЮ ҒАЙБАТЧИИ КАСИФ!

           

        Тибқи расонаҳои хабарӣ огаҳ ҳастем,ки вақтҳои охир раҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва  ҳаммаслаконаш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили  facebook, You Tube, Viber “Ҳамсинфон” (Одноклассники) ва дигар сомонаҳои ғайрирасмӣ бо истифода аз қишри ҷавонони камсаводу бекор, дорои маърифати пасти динидошта, заифирода, муҳоҷирони меҳнатӣ қарор доштаро бо роҳи фиреб ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳиёнаткориро чун солҳои қалбӣ  пеша намуданд. Ва чуноне, ки шоҳид ҳастем, дар ҳар баромадашон Кабирӣ ва як қатор дастпарварони онҳо ҳамчун блогерҳои интернетӣ, байни мардуми осоиштаи кишвар низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан кӯшиш доранд. Дар паси шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернетӣ киҳо нишастанд чӣ мақсаду ҳадаф доранд мо медонем. Имрӯз раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ пӯсту рӯи худро иваз намуда,бо номи “Паймони миллӣ”(ПМ) баҳонаҷӯю разилтару ғайбатчӣ шудаанд. Хулоса ПМ- худсохтаи назҳатӣ, aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд, ки ба роҳ мондани aмaлиётҳои ифротгароиашон хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт менамоянд. Дар сари ҳамин гуна амалҳои ифротӣ  баҳонаҷӯю ғайбатчӣ Муҳиддин Кабирӣ истодааст.

Ба раҳбарияту пайравони имрӯзаи ПМ ва ё умуман ТТЭ ҲНИ- ПМ  таъкидан гуфтанием, ки воқеан номи нек ҳама вақт вирди забон буда, аммо Кабирию пайравонаш дар зеҳни мардум ва хотираи мардуми кишвар  ҳамчун хоину душман ва лагандбардори хоҷагони хориҷӣ нақш баста, нафрати мардум ва оҳи мазлумон доимо болои сари онҳост.

Дар интиҳои андешаи хеш гуфтанием, ки  мардуми сарбалани кишвар кайҳост, ки  найрангҳои ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ – ПМ ро дарк карда, зиракии сиёсиро аз даст надода, барои сулҳу субот ва якдилии Ватан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Танҳо дар сурати ҳамдигарфаҳмӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафт ва тараққиёт рӯ меоварад. Он дарахте, ки сулҳу ваҳдат меномем, меваҳои ширин ба самар оварда истодааст. Мо тоҷикон бояд онро ҳифз намоем. Ҳақиқатан сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу дӯстӣ ҳукмфармост он давлат рӯз то рӯз мешукуфад.

Р. РАҶАБОВ, устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *