Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ перомуни тазоҳурот дар назди сафорати Эрон ва ТЕТ ҲНИ ва гуруҳҳои тундраву ифротгаро

Даҳҳо нафар санаи 21 май дар назди сафорати Эрон дар Душанбе ҷамъ омада, ба зидди сиёсати Эрон ва Ҳизби наҳзати ислом митинги эътирозӣ баргузор намуданд. Онҳо бо овезаҳои гуногун бар муқобили ҳизби ғайриқонунии наҳзати исломӣ ва дастгирии он аз тарафи кишвари Эрон баромад карданд.
Роҳбари ҲНИТ холо дар хориҷи кишвар мебошад. Мухиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш хиёнат ба Ватан, хиёнат ба модар, хиёнат ба мазҳаби Ханафӣ, хиёнат ба дини мубини Ислом намуданд. Дини мубини Ислом пайравонашро ба Худопарастӣ, сулҳу ваҳдат ва ватандустӣ, дӯстиву рафоқат даъват менамояд. ҲНИ ягон робитае бо дини мубини Ислом надорад, баръакс хамаи корҳояшон мухолифи фармудаҳои китоби муқаддаси мусалмонон Қуръони шариф буд. Мардумро бо роҳи фиреб бо ҳар роҳу восита ба ҲНИ аъзо мекарданд. Намоз хондан нахондан муҳим нест, муҳим он аст, ки аъзои ҳизб бошӣ шуд. Аз ин маълум мегардад, ки максад якто-мукобили Хукумати қонунии Тоҷикистон садо баланд кардан. Дини мубини ислом дуруғу фиребу иғвогариро намеписандад.
Хушбахтона ҲНИ ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ ҳисобида , фаъолияташ дар тамоми кишвари мо барҳам дода шуд. То имрӯз руҳониёни исломи асил ҲНИ-ро қабул надоранд ва эътироф хам намекунанд.
Тоҷикистон давлати демократӣ ва хуқуқбунёд аст, инро Конститутсияи кишвар кафолат додааст, вале ин маънои онро надорад, ки мо чи коре хохем, ҳамонро кунем ва исломро ниқоб карда, бар зидди давлат бароем. Ҳадафи мо ин аст, ки мо давлати демократӣ, ватани обод ва конститутсия дорем ва намехоҳем, ки хоинони миллат дар ҳар ҷо рафта давлату миллати моро сиёҳ кунанд. Сиёсати пешгирифтаи ҳукумату давлатро дастгирӣ менамоем ва дар атрофи давлату ҳукумат муттаҳид шуда, ба паҳн шудани ҳар гуна ғояхои бегонапарастӣ, иғвоандозӣ ва бесубот намудани кишвар роҳ намедиҳем.

Кафедраи забонҳои тоҷикӣ
ва русии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *