Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ оид ба падидаҳои номатлуби замони муосир

 Экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб  яке аз мушкилиҳое, ки тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, Қурбони терроризм асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракиро аз даст надода,  сабабу омилҳои пайдо шудани гурӯҳҳои ифротгаро ва террористиро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш  намоянд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар  ҳифз  гардад.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Ман эътиқоди қавӣ дорам, ки ифротгароӣ, терроризм ва радикализмро ба ягон дин, аз ҷумла дини мубини Ислом нисбат додан мутлақо раво нест. Зиёда аз он ҳадаф, мазмуни ва амали ин зуҳурот комилан хилофи руҳ ва мазмуни волои инсонии динҳо, аз ҷумла дини Ислом аст. Террорист, ба пиндори ман, дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худованду бандагони ӯст».

         Барои пайдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистон ва дар ҳисси ватанхохиву инсондӯстӣ тарбия кардани ҷавонон, ҷорӣ кардани дарсҳои одоби ҳамида ва амсоли он нақши муҳимро мебозад.

Кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *