Изҳорот устодони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ оид ба терроризму экстремизм ва гирдиҳамоии ҷавонон дар назди сафоратхонаи кишвари Эрон

Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри XX терроризм мавриди таваҷҷуҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт, хусусан аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омўзиши ин падидаи номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Шояд суоле ба миён ояд, ки барои чӣ ба омўзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд, дар ҳоле ки таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замон содиршавии терроризм вуҷуд доштааст, ҳарчанд дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, мардумро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.

Қурбонии терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, кўшиш кунанд, то ки сулҳ, ваҳдат ва амният дар кишвар поянда бошад.

 Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мо ҳама хуб медонем, ки ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мо бояд ҷавононро дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намоем ва онҳо набояд ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил гашта, фирефтаи афкори бегонагон гарданд.

Ахиран дар назди сафоратхонаи Эрон дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоии ҷавонон баргузор гардид, ки бо шиору овезаҳо зидди сиёсати Эрон дар қиболи дастгирии терроризм ва раиси ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ садо баланд карданд. Мо зидди ҳама гуна митингу гирдиҳамоии сокинон ҳастем, аммо дар наворҳо хуб дидем, ки ҷавонон бо ихтиёри худ ба назди сафорат баромада, оиди масъалаҳои зикршуда андешаҳояшонро баён доштанд. Албатта, бозиҳои сиёсии зиёдро дидем ва дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дахолати кишвари Эронро мушоҳида кардем ва он чандин бор тавассути телевизион намоиш дода шуд.

Биёед, ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиши кишвар расем ва шукрона кунем, ки дар ватани озоду обод – Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ мекунем.

Устодони кафедраи забонҳои

тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *