Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ оид ба муноқишаҳои марзӣ

Тавре маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 14 сентябри соли 2022, тахминан, соати 07-15 дақиқа, аз ҷониби сарҳадбонони пости сарҳадии «Булакбошӣ»-и отряди сарҳадии Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии «Кех»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла парронда шуд ва мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои ПК, АК ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт. Ғайр аз ин, аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаи мазкур интиқол дода шуданд.

Аз тарафи сарҳадбонони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оташи ҷавобӣ кушода шуда, айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст. Амали муғризонаи сарҳадбонони ҶҚ нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад. Айни замон, намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои муътадил сохтани вазъият, корҳои фаҳмондадеҳиро дар байни аҳолӣ бурда истодаанд.

Албатта, ҳеҷ кас нооромии вазъиятро намехоҳад, аммо чаро ба чунин дасиса даст задани сарбозони қирғиз касро ба андеша водор менамояд. Мо бояд ҳусни ҳамсоядроӣ ва ҳамдигарфаҳмию муносибати бародаронаро риоя намоем. Аз ин ҳолат, албатта, душманони миллат истифода мебаранд ва мехоҳанд боз дар минтақа вазъ ноором боқӣ бимонад. То аниқ гаштани хатти марз сохтмони ҳамагуна иншоотҳо дар минтақаҳои баҳснок қатъиян манъ аст, пас чаро тарафи Қирғизистон ин талаботро риоя накарда худсарона ба сохтмони ҳар гуна иншоотҳо даст мезанад?! Хотима бахшидани масъалаҳои марзӣ танҳо бо роҳи гуфтушунид бояд ҳалли худро ёбанд ва истифодаи силоҳ дар муқобили шаҳрвандон оқибати хуб надорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *