Тавре маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 14 сентябри соли 2022, тахминан, соати 07-15 дақиқа, аз ҷониби сарҳадбонони пости сарҳадии «Булакбошӣ»-и отряди сарҳадии Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии «Кех»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла парронда шуд ва мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои ПК, АК ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт. Ғайр аз ин, аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаи мазкур интиқол дода шуданд.
Аз тарафи сарҳадбонони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оташи ҷавобӣ кушода шуда, айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби зиёдеро дар мавриди муноқишаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон мутолиа менамоем, ки албатта ин ҳолат ҳар як шахси ватандӯстро бетараф намегузорад. Чаро сарбозони қирғиз даст ба чунин амали ношоиста мезананд ва дар замине, ки минтақаи баҳсӣ ҳисобида мешавад, ҳама созишномаҳоро нақз намуда, ба сохтмон шуруъ менамоянд. Ба ғайр аз ин ба сӯи мардуми беяроқ оташ мекушоянд, магар ин амалкарди онҳо аз рӯи адолат аст?!
Албатта, ҳеҷ кас нооромии вазъиятро намехоҳад, аммо чаро ба чунин дасиса даст задани сарбозони қирғиз касро ба андеша водор менамояд. Мо бояд ҳусни ҳамсоядроӣ ва ҳамдигарфаҳмию муносибати бародаронаро риоя намоем. Аз ин ҳолат, албатта, душманони миллат истифода мебаранд ва мехоҳанд боз дар минтақа вазъ ноором боқӣ бимонад.
То аниқ гаштани хатти марз сохтмони ҳамагуна иншоотҳо дар минтақаҳои баҳснок қатъиян манъ аст, пас чаро тарафи Қирғизистон ин талаботро риоя накарда худсарона ба сохтмони ҳар гуна иншоотҳо даст мезанад?! Хотима бахшидани масъалаҳои марзӣ танҳо бо роҳи гуфтушунид бояд ҳалли худро ёбанд ва истифодаи силоҳ дар муқобили шаҳрвандон оқибати хуб надорад.
Фаромӯш набояд кард, ки ҷомеаи кунунии мо аз ҳарвакта дида бештар ба рафоқату ҳамдилӣ ниёз дорад. Дӯстӣ бо мардум олам танҳо саодату хушбахтӣ меорад. Аз ин хотир шинонидани дарахти дӯстӣ савоб буда, решакан кардани ниҳоли душманӣ хуб аст. Бадхоҳону бадандешон ҳеҷгоҳ ба ҳадаф нахоҳанд расид.
Ф. Мамадҷонов, устоди ДИС ДДТТ