Изҳороти аҳли ҷомеаи меҳнатии  ДИС ДДТТ дар мавриди муноқишаҳои марзӣ ва амалҳои ношоистаи тарафи Қирғизистон

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолибе дар мавриди тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба нашр расиданд, ки албатта ин ҳолат ҳар як шахси ватандӯстро бетараф намегузорад. Чаро сарбозони қирғиз даст ба чунин амали ношоиста мезананд ва ба сӯи мардум оташ мекушоянд, магар ин амалкарди онҳо аз рӯи адолат аст?!

Чуноне, ки ҳамагон тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳ гаштем чанд рӯз пеш  дар сарҳадаи байни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Исфара муноқиша ва задухӯрд ба амал омад. Даҳшатовар он аст, ки дар муноқиша силоҳои оташфишон  истифода шуданд. Ин чи даҳшатест, ки дар ин давру замон. Мардуми ҷаҳон аз вабои аср каронавирус мемиранду лек мардуми ҳамсояи мо бошад меҷангад.

То кай мекунад давом ин корҳои бесомон, охир мо мардуми ба ору номуси тоҷик таи қарнҳо аст, ки бо рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек маъмули оламиён гаштаем. Мардуми қирғиз чӣ ҳуқуқ дорад, шаъну шарафи мардуми тоҷикро паст мезанад ва гапу калочаҳои беасосро паҳн макунад. Ҳукумати Тоҷикистон нотавон нест! Мо мардуми ба ору номус ҳастем ва як қатра ҳам ҳаққи касро намегирем. Зеро ҳаққи кас ҳаром асту насиб намекунад. Инро ҳатто кӯдаки хурдсол ҳам медонад. Пас чаро мо инсонҳои ба камолрасида соҳиби ақлу заковат нисбати худ ин гуна амалҳои беинсофонаро раво мебинем. Барои ин корҳоро ҳаллу фасл намудан мо мақомотҳои дахлдор дорем ва бигузор онҳо ин масъаларо бо роҳи сулҳҷӯёна ва барои ҳарду кишвар муфид ҳаллу фасл намоянд, то ки мо мардуми дӯсту ҳамсоя дар фазои орому осоишта умр ба сар барем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *