Ҷаҳони имрӯзаро хатарҳои экстремизму терроризм фаро гирифтаанд,ки сабаби аз байн бурдани давлату миллатҳо мегардад. Баҳри ба мақсади нопоки худ расидан гуруҳҳои ифротӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ҳаргуна низоҳоро ташкил менамоянд. То ба имрӯз ҳарчи бештар ҷавононро ба гуруҳои худ ҷалб намуда истодаанд ва шиддати ин хатарҳо паст нагардида истодааст.Дар ягон ҳадис ва Қуръони карим рехтани хуни инсон ҷоиз нест. Рафтори ин гуруҳҳои ифроти ҳам аз назари шариат ва ҳам аз рӯи ақли солим қобили қабул нест. Худованд ҳеҷ гоҳ ба куштани нафсе амр накардааст. Моро зарур аст,ки ба фитнаҷӯиву таҳрибкорӣ дар ҷомеа роҳ надиҳем.Зеро сулҳу субот ҳамдигарфаҳмӣ ва зиндагони дар фазои ватани тинҷу ором моро афзаласт. Дар шомил гардидани ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ масъулияти волидон ва кулли ҷомеа кам нест.Аз бетарафӣ ва бемасъулиятии мо ҷавонони тоҷик фирефтаву додаи ин гуруҳҳо мегарданд. Аз ҳамин бетарафи ҳаст,ки ҷавонони тоҷик дар амалҳои террористӣ дар давлатҳои ҷангзада иштирок дошта шаъну шарафи Тоҷикистонро зеру по кардаанд. Ба Ватан-Модари худ хиёнат мекунанд. Дини мубини ислом дини зулму ситам,куштору ваҳшоният нест, балки дини раҳму шафқат,меҳру муҳаббат ва некист. Моро ҳам фарз ва ҳам суннат аст,ки ба бетарафи хотима бахшида фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ ва роҳи рост тарбия намоем. Нагузорем,ки хоине натавонад сулҳу субот ва оромии ватани азизамонро халалдор созад.Бигзор дар ватани азизамон сулҳу субот ҳамеша ҳукмфармо бод.