Мақолаи коршиноси масоили сиёсӣ Парвизи Мирзо бо номи “Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин”-ро мутолиа намуда, ба чунин хулоса омадем, ки дар ҳақиқат андешаҳои муаллиф воқеъбинонаю ҳақиқатнигорона мебошанд.
Муаллиф барҳақ таъкид менамояд, ки “гарчанде ки амалҳои худро зери пушиши созмони ба ном “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон” анҷом медиҳанд, аммо дар асл ҳамон наҳзатиҳои қадимаанд, ки ҳамчун террорист шинохта шудаанд. Як бор ҳамин гуна гирдиҳамоҳоро дар соли 1992 ташкил карда буданд ва натиҷааш он шуд, ки дар кишварамон ҷанги дохилӣ сар заду боиси кушта шудани зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандон ва бехонумон гардидани ҳазорон нафар гардид. Ҳамааш аз ҳамин гирдиҳамоии радикалҳои наҳзатӣ сар шуда буд. Аввал як қисми мардумро бо роҳи таблиғоти ифротгароёнаашон гумроҳ карда, дар майдон ҷамъ оварданд. Баъд ба даст аслиҳа гирифтанду ба қатлу террор ва ғоратгарӣ даст заданд. Мехостанд бо роҳи зурӣ ҳокимияти сиёсиро ба даст оранду тибқи дастури хоҷагони хориҷиашон сохти давлатдории кишварамонро тағйир диҳанд. Яъне мехостанд озодии мардумро ба ғуломӣ, дунявияту демократияро ба зулмоту истибдод иваз намоянд. Ҳар касе ақидаи ба онҳо мухолиф дошт, мавриди таъқибу фишор қарор медоданд ва нобудаш мекарданд”.
Имрӯз дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ ҳукмфармост ва мардум бо рӯҳияи баланди созандагӣ барои ободтар кардани ватани худ ва беҳтар сохтани зиндагӣ заҳмат мекашад. Аммо душманону бадхоҳони миллат пешравии Тоҷикистонро намехоҳанд. Сиёҳдилию бадхоҳии онҳо аз навиштаҳояшон, ки дар расонаҳои ифротии худ паҳн мекунанд, баръало маълум аст. Бо ташкили гирдиҳамоӣ мақсад доранд, ки номи кишварамонро сиёҳ кунанд. Онҳо ба Ҳукумат туҳмат мекунанд, ки гӯё дар кишварамон зиндониёни сиёсӣ мавҷуд бошанд. Лекин “зиндониёни сиёсӣ”-и мегуфтаи онҳо дар асл ҳамон ҷинояткоронанд.
Мо ба дасисаи душманону бадхоҳони миллат дода намешавем ва ташкили ҳама гуна митингу гирдиҳамоиро шадидан маҳкум менамоем.
Файзулло Мамадҷонов,
котиби Шӯрои олимони ДИС ДДТТ
Абдурашид Ҳоҷиев,
муаллими калони кафедраи менеҷменти ДИС ДДТТ