Имрӯзҳо ҳамоишҳое, ки бо иштироки Паймони миллӣ, ТТЭ ҲНИ, Гуруҳи 24 дар кишварҳои аврупоӣ баргузор мегарданд, изҳороти роҳбарони фирории ҲНИ ва ҳаводорони он дар баъзе кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ, гузоришҳои бархе аз рӯзноманигорон, ки воқеиятро ғайриобъективона рӯи қалам меоранд, мардуми сулҳҷӯву озодихоҳ, бонангу номус, Ватандӯсту хештаншиноси Ҷумҳуриро ором гузошта наметавонад.
Бадхоҳони миллат фаъолияти ғаразнок, зишт, амалҳои ғояҳои ғайриинсонӣ, террористиву ифротгароии худро зери лиқоби дини мубини ислом рӯйпӯш намуда, бо дастгирии моддиву маънавии хоҷагони хориҷии худ ба ҳадафҳои нопоки худ – бо роҳи табаддулот, зӯроварӣ, бо истифодаи яроқ ва куштору хунрезӣ ғасби давлати қонунӣ расиданӣ буданд. Аммо Ислом динест, ки ҷавҳари онро ахлоқу маданияти покиза ташкил медиҳад. Таълимоте, ки дар Қуръону ҳадисҳои Муҳаммад пайғамбар (с) дида мешавад, инсонҳоро ба роҳи рост ва некиву накўкорӣ, ободкориву созандагӣ, илмомӯзӣ ҳидоят менамояд. Бинобар ин, ислом ба мавҷуд будани ҳизби сиёсӣ ниёз надорад.
Дастовардҳо, музаффариятҳое, ки имруз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба даст овардааст, бадхоҳони миллатро ором гузошта наметавонад. Дар сатҳи хеле баланд ва бо шукӯҳи шаҳомати бепоён таҷлил гардидани ҷашнҳои миллии тоҷикон аз он далолат медиҳад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар роҳи интихобкардаи худ чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявиву иҷтимоӣ устувор қарор дорад, музаффариятҳои бадастовардаи худро ҳифз карда метавонад ва ягон қуввае вуҷуд надорад, ки онро аз ин роҳ дур созад. Бадхоҳони миллат бо ҳар роҳ мехоҳанд, ки оромии кишвар, сулҳу суботи мардумро халалдор созанд ва мамлакатро аз нав ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашанд. Аммо онҳо ҳеҷ гоҳ ба ин ниятҳои нопоки худ расида наметавонанд. Фаромӯш насозанд, ки Тоҷикистон имруз дар мақоми яке аз давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода қарор дорад ва фарзандони баору номусаш Модар-Ватани хешро аз нохалафон ҳифз карда метавонанд.
ҲНИ ҳизбе мебошад, ки аз рӯзҳои авали ташкилёбиаш роҳи террористию ифротгароиро пеш гирифта, боиси қурбонии шахсони бузург, олимони шинохта гаштааст. Ба ҷои он ки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонгароӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ тарбия намояд, баъзе аз ҷавонони камтаҷрибаро гумроҳ намуда, гирди худ ҷамъ оварда, онҳоро фирефта карда, ба гурӯҳҳои ҷангҷӯи экстремистӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамроҳ ва ба ғасби давлат ва шохаҳои он тарғиб мекунанд. Бармеояд, ки мақсади ҳизби наҳзати ислом – ин на соҳиби дониш шудани ҷавонон, балки зери фанатизми динӣ гирифтор кардани ҷавонон мебошад.