Изҳороти кафедари молия ва қарзи ДИС ДДТТ оид ба андешаҳои иғвогаронаи бадхоҳони миллат дар хориҷи кишвар

Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ (30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе) иброз доштанд, ки “Таҳдиди зуҳуроти харобиовари ифротгароӣ ва созмонҳои террористӣ, ки аксари онҳо фаъолияти худро бо номи ислом анҷом медиҳанд, имрӯз аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти ҷаҳонӣ касб кардааст.

Роҳу усулҳои пешгирӣ намудани ҷалби ҷавонони кишварҳои гуногун ба ин гуна созмонҳои экстремистиву террористӣ имрӯз дар маркази диққати сиёсатшиносону сиёсатмадорони ҷаҳон қарор гирифтааст.

Ба назари мо, сабаби асосии фирефтаи таблиғгарони ташкилоту созмонҳои экстремистиву террористӣ гардидани ҷавонон, пеш аз ҳама, сатҳи пасти донишу маърифат, ҷаҳонбинии маҳдуд, инчунин, аз назорат дур мондани онҳо мебошад.

Ҷой доштани чунин зуҳуроти нангин моро водор месозад, ки ба масъалаи тарбияи ҷавонон боз ҳам бештар диққат дода, пеши роҳи гароиши онҳоро ба ҳар гуна ҳаракату созмонҳои тундраву террористӣ гирем, зеро чунин афрод ба шаъну шарафи миллати тамаддунсози мо ва давлати тоҷикон иснод меоранд”.

Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми садаи ХХ ва ҳодисаи 21-уми сентябри соли 2015 рухдода барои халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли он дарси ҳаётӣ буд ва он ҳизбе, ки муқобили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, мувофиқи қонун аз ҳуқуқи фаъолият бурдан бояд маҳрум гардад.

Вазъи имрузаи ҷаҳонӣ ҷавонони баору номуси факултетро ба изтироб овардааст ва ҳаргиз онҳоро аз роҳи таъмин ва ҳифзи волоияти қонун, арҷ гузоштан ба арзишҳои неки умумибашарӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, ҳисси ифтихор аз Ватану ватандорӣ берун карда наметавонад ва онҳо ин амалҳои зишти ҲНИ-ро қотеъона маҳкум мекунанд. Хусусан имрӯз, ки миқдори ташкилоту ҷамъиятҳои тафриқаангез зиёд шудааст, устодону кормандони факултетро ҳушдор медиҳад, ки ин қувваи бузургу тавоноро рӯи кор оранд, саъю кӯшиши хешро дучанд ҷоннок намуда, баҳри пойдории сулҳу амнияти кишвар мубориза баранд. Бо ҷавонон пайваста корҳои тарғиботӣ бурда, онҳоро дар руҳияи ватанпарастию сулҳофарӣ тарбият  намоянд.

Аҳли ҷомеаи кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ амалҳои ғайриқонунӣ, даъвоҳои роҳбарони фирории ҲНИ, Паймони миллӣ, Гуруҳи 24 ва ҳаводорони онро дар баъзе кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ беасос ва бедалел ҳисобида, ҷавобан ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҶТ, сиёсати сулҳовару инсондӯстона, маорифпарваронаву хирадмандона, созандаву бунёдкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пештара дида бештар аҳлу тифоқ, муттаҳид гардида, барои гулгулшукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи хешро  мегузоранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *