Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ оид ба ҳамлаи ДИИШ ба дидбонгоҳи марзӣ

Террористони нопоке, ки қадами худро ба ҳудуди Тоҷикистон ниҳоданд амалҳои номатлуби худро амалӣ карда натавонистанд, зеро онҳо ҳамчун рубоҳони навтавлид аз паси занҳо бар ҷониби афсарон ва сарбозони тоҷик тир кушоданд, ки аз тири ин номардон як сарбоз ва як афсари тоҷик қаҳрамонона дар ҳаққи ҳимояи ҳифзи марзу буми ватани азизи худ ба мисли Шераки Далер, Темурмалику Муқаннаъ муборизаи мардонавор бурда ҷон бохтанд, ки ин қаҳрамонии бемисли онҳоро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.
Таҷрибаи таърихи нишон медиҳад, ки халқи тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд бо фарҳангу мақоми худ дар ҷомеа ҷои хосро доро мебошанд. Кам нест воқеаҳое, ки Тоҷикистони мо онҳоро аз сар нагузаронида бошад. Ҳимоятгарони марзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мардуми шарифи тоҷик дар оромие ки бо хуни ҳазорон нафарҳо ба даст омадааст, осоишта зиндагӣ намуда кору фаъолияти худро пеш баранд.
Воқеаҳои 5 – уми ноябри соли равон моро боз ҳам муаззаф мегардонад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода барои ҳалли масъалаҳои марзӣ таҷрибае, ки давоми солҳои зиёд дар тӯли таърих ва истиқлолият омӯхтем босамар истифода бурда сарҳади хешро бо нақди ҷон ҳимоя намоем ва барои боз ҳам қавитар гардидани сулулҳу амнияти миллиамон саҳмгузор бошем. Зеро ба мисли онҳое, ки сарҳади моро ноором сохтанд ва хостанд ки ҳадафҳои нопокашонро дар ҳудуди кишварамон амалӣ намоянд, мо бояд ҳаматарафа бар зидди онҳо муборизаи беамон барем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *