ИЗҲОРОТИ кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ дар ш. Хуҷанд роҷеъ ба мақолаи А. Раҳнамо, коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ дар мавзӯи “МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ?”

Мо  омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва  русии  ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд зимни изҳороти хеш  аз мақолаи АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО, коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ дар мавзӯи “МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ?” хулосабарорӣ намуда, онро  ба таври куллӣ дастгирӣ  ва ҷонибдорӣ менамоем!

Мо бо мутолиа кардани мақолаи мазкур  ва вазъияти сиёсии имрузаро дарк карда, қайд меамоем, ки гарчи Тоҷикистон дар ҳамаи сатҳу марҳилаҳо ҷонибдории худро аз ҳалли мусолиматомези масъала эълон доштааст, аммо дурнамои раванд нишон медиҳад, ки ҳоло давлат ва ҷомеаи мо бояд барои вазъияту буҳронҳои печидатаре омода бошад. Пушида нест, ки солҳои охир  масъалаи баҳси марзии байни  Тоҷикистону Қирғизистон нисбатан мураккабу муташанниҷ  гардидааст.

Баррасии мавқеъ ва изҳороти намояндагони ҷонибҳо ва арзёбии равандҳои сиёсию иттилоотии атрофи масъала нишон медиҳанд, ки ин буҳрон на танҳо дар ҳоли ҳалшавӣ, балки дар ҳоли амиқшавию васеъшавӣ қарор дорад. Хусусан, ба ин баҳс пайвастани  бархе давлатҳои абарқудрат ва ташкилотҳои байналмилалӣ барои «миёнаравӣ» дар ҳалли масоили сарҳадӣ, имкони аз як масъалаи маҳаллию байнидавлатӣ ба як баҳси калони минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтани онро боз ҳам бештар намудааст. Зеро таҷрибаи низоъҳои марзию қавмӣ дар фазои пасошӯравӣ нишон додааст, ки дар аксари мавридҳо пайдошавии «миёнаравон»-и шарқию ғарбӣ боиси васеътару тӯлонитар шудани чунин буҳронҳо гаштааст. Умуман, арзёбии пайвастаи фазои иттилоотӣ ва тамоси ҳамешагӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа нишон медиҳад, ки гарчи аксари мардум дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва омодаи ҳимоят аз марзи кишвар ҳастанд, аммо дар бораи худи моҳияти низоъ, сабаби пеш омадани чунин ҳолат дар ин қисмати марзҳои байнидавлатӣ ва моҳияти мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала маълумоти чандон дақиқе дар ихтиёр надоранд. Ин ҳолат, яъне камбуди тасаввуру маълумоти дақиқ дар бораи асосу таъриху миқёсу моҳияти ин низоъ, на танҳо дар байни мардум, балки миёни аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва ҳатто кормандони қатории ниҳодҳои қудратӣ низ мушоҳида мешавад.

Бо дарназардошти  таҳлили  мақолаи мазкур қайд кардан зарур аст, ки А. Раҳнамо бо андешаҳои гаронарзиш ва мантиқии хеш, бо далелҳои рақамҳои дақиқи таърихӣ, ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон маълумоти пурарзиш баён намуда, воқеияти таърихӣ ва ҳақиқати ҳолро дар ин бора нишон додааст. Ба андешаи имруз бояд, ки ҳар як фарди бонангу номуси давлати соҳибистиқлол барои омодагии ҷиддии сиёсию низомию иттилоотӣ, муҳимтарин заруратҳо огоҳ  бошад ва алалхусус аз  воқеияти мавқеъ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарк намояд. Ҳақиқате, ки ҳар як сокини кишвар, хоса аҳли идораву мафкура бояд онро дақиқ бидонад ва дар ташаккули мавқеи худ дар ин мавзуъ асос қарор диҳад. Аз ҳамин лиҳоз, омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мақолаи пурарзиши коршинос Абдуллоҳи Раҳнаморо дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намуда, ба фикри муаллиф ҳамандеш ҳастанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *