ИЗҲОРОТИ кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ вобаста ба баромади иғвогаронаи хоини миллат- М.Садриддин (аз 20.09.2023)

Мо омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ борҳо зимни изҳороту мақолаҳои хеш нисбат ба яке аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ, Муҳаммадиқболи Садриддин андешаҳояамонро иброз дошта, онро маҳкум намуда будем. Имрӯз низ нисбат ба хоини миллат, ки санаи 20 сентябри соли равон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, амиқтараш сомонаи “Ислоҳ нет, дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” баромад намуд.
Зимни баромади навбатиаш доир ба фаъолияти роҳбарияти олии кишвар ва оид ба масъалаҳои либоспӯшӣ, содироти маҳсулоти хоҷагии кишвар андешаи носолимашро баён карда, чун баромадҳои қаблиаш боз ғайбату туҳматро пеша намуд. Инчунин нисбат ба фаъолияти мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия ва ҳифзи ҳуқуқ бо ақидаи носолими худ зиддӣ мардуми кишвар маънидод мекунанд, ки амалаш баёнгари бадхохоҳӣ ба Ватан аст! Ҳар як гап ва ҳар як қадами чунин афрод бар зарари ҷамъият аст. Мо бояд ҳақиқатро аз дурӯғ, ҳалолкорро аз ҳаромкор ва ҷинояткорро аз инсони комил фарқ кунем.
Дар ҷараёни баромадаш М.Садриддин қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва баҳси мунозираро риоя накард. Муносибаташ бо баромадкунандагон бисёр дағал аст. Ба ҷои калимаҳои тоҷикӣ, бемаврид русиро истифода мебарад. Масалан ба ҷои “ному насаб” калимаи “фамилия”-ро истифода бурд. Ба андешаи мо касе, ки набошад ҳангоми сухан кардан дар минбарҳои сатҳаш гуногун ва ё дар сомонаҳои интернет бояд забони модариро эҳтиром намояд. Умуман, аз тарзи суханронӣ ва аз шунидани калимаҳои дурушту дағал, шевагию махлути ин афрод шарми кас меояд. Ба таври зарурӣ надонистани забони модарӣ ин аз надоштани ҳисси миллии шахс дарак медиҳад. Бояд хотиррасон кард, ки ҳар як шахсро лозим аст, ки пеш аз ҳама бояд худшиносу худогоҳ бошад, забон, фарҳанг, адабиёт, таърих, урфу одат, анъанаву маросим ва умуман тамоми арзишҳои миллии худро эҳтирому пос дорад, вагарна носипосӣ ба арзишҳои миллӣ шахсро бегонапарасту беҳис ва манқурт мегардонад. Калимаи «манқурт»-ро хонандаи закӣ медонад. Ҳоҷати шарҳ додан нест!
Бар ҳоли он ашхосе, ки аз забони модарии худ ба таври бояду шояд баҳравар набошад. Дар ин хусус Саидаҳмадхоҷаи Аҷзӣ барҳақ фармудааст:
Агар сесад забон донӣ фузун нест,
Ҳама рӯзе ба кор ояд, забун нест.
Надонӣ гар забони давлати худ,
Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

Ҳар яки мо – соҳибзабононро водор менамояд, ки нисбат ба таърих ва имрӯзу ояндаи забони модарии хеш бепарво набошем. Хулоса дар баромадҳои қаблию навбатии М.Садриддин, алалхусус сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ танҳо суханони беасосу бедалел, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту халос. Роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслакаш М. Садриддини тафриқаангез бояд бидонад, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз паи муддаиёни гумроҳе, ки ҷомеаро ба сӯи вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, шумо гумроҳон ва хоинони миллати тоҷикро пайравӣ ва ҷонибдорӣ нахоҳанд кард.
Мо омӯзгорони кафедра дар фарҷоми изҳороти хеш, қайд менамоем, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд. Бинобар ин, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *